АБӮМАНСУРИ БУХОРОӢ ТАБИБИ АҲДИ СОМОНИЁН

Замони давлатдории Сомониён дар асрҳои IX-X давраи гулгулшукуфии илму фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Дар ин замон дар баробари олимону шоирон табибони ҳозиқ низ ба майдони илм баромада буданд. Яке аз табибони машҳури ин замон Абӯмансури Бухороӣ буд.Дар мақолаи худ тасмим гирифтем чанд нуқтаеро ба таври мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин табиби машҳур маълумоти мухтасарро пешниҳод намоем. Номи аслии ин олиму табиби барҷаста Абӯмансур Ҳасан ибни Нӯҳи Камарӣ буда, бо номи Абӯмансури Бухороӣ низ маъруфи замонаш буд. Гарчанде дар бораи зиндагиномааш маълумоти муфассал набошад, ҳам ӯро дар илм ҳамзамони Закариёи Розӣ ва устоди Абӯалӣ ибни Сино мешуморанд. Пас аз ин бармеояд, ки агар ин ду шахсияти оламшумул ва табибони бузурги замони Сомониён дастпарварони ӯ мебошанд, возеҳ аст, ки дар соҳаи илму фарҳанги тоҷикон дар асрҳои IX-X нақши ин олиму табиб низ арзанда будааст. Тибқи иттилои муаррихон шӯҳрати табибии Абӯмансури Бухороӣ то ҳадде баланд гардида буд, ки амири сомонӣ Мансур (961-976) ӯро табиби шахсии хеш эълон карда буд. Китоби “Муолиҷоти Мансурӣ”-ро ба номи ин амири сомонӣ бахшида буд. Шояд Закариёи Розӣ дар пайравии ин асари пурарзиш китоби “Тибби Мансури”-ро офарида, ба ҳокими шаҳри Рай Абӯ Солеҳ Мансур ибни Исҳоқ ҳадя намуданд. Дар баробари ин асари таърихию пурарзиш китобҳои дигари ӯ бо номҳои “Китоб илалу-л-алил”, “Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада”, “Рисола дар илоҷи амрози садр”, “Мақола дар марази истисқо”, “Китоби ғино ва муно” ва ғайраҳо машҳур буда, арзиши илмии худро то ҳол гум накардаанд. “Китоби баёни мақсадҳо”-и Абӯмансурӣ Бухороӣ аз се мақола иборат буда, мақолаи якум ба бемориҳои дарунӣ ва роҳҳои табобати онҳо, мақолаи дуюм ба бемориҳои зоҳирии бадан бахшида шудаанд. Мақолаи сеюми асари мазкур ба табобати касалии табларза нисбат дода шудааст. Табиб асосан дар асоси тадқиқотҳояш тарзи содаи гиёҳдармониро пешкаш намудааст, ки айни замон табибони халқӣ онро ба таври васеъ дар табобат ба тариқӣ гиёҳдармонӣ истифода мебаранд. Масалан, Абӯмансури Бухороӣ дар асарҳояш барои табобати бемориҳои дил доруҳои содаи гиёҳӣ ба монанди нозбӯи сиёҳи кӯҳӣ, фалангчамушк, говзабон, занҷабил, найшакар ва абрешими хомро тавсия додааст. Чун асарҳои муаллиф дорои аҳамияти пурарзиши илмӣ ҳастанд ва бояд китоби рӯимизии табибони муосир буда онро ҳамчун дастур метавон истифода кард.

Шуъбаи тарбия


03.03.2021     272
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php