АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО, КИ ОЛИМ, ФАЙЛАСУФ ВА ҲАКИМИ ТОҶИК БУД

“Ҳастӣ барои фоида расонидан ба дигарон аст, вагарна ин ҳастиро дар ботин инкор мебояд кард”. Ин ҳикматро бори аввал дар таърихи башарият орифони бузурги мо чун дастури ягонаи зиндагии бошарафонаи башарият тарғиб намудаанд. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд. Имрӯз асарҳои гаронарзиши Сино дар маъруфтарин донишгоҳҳои дунё мавриди омӯзиши толибилмон қарор гирифтаанд.
Ибни Сино бузургтарин донишманди замони худ аст. Ҳамчунин донандаи хуби илмҳои ситорашиносӣ, кимиё, геология, мантиқ, математика, физика ва фалсафа буд. Ғайр аз ин шоири хушқалам, равоншинос, табиатшинос ва муаллими беҳамто аст. Дар баробари ин, ба омӯзиши улуми дини Ислом низ таваҷҷуҳи хос дошт ва дар ин роҳ ҳам муваффақ гардид.
Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши ҳаёту фаъолияти Сино рисолаҳо навиштаанд, бар онанд, ки вай беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми тиб мансубанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва “Ал-Қонун фит-тиб” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри ХIХ истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми ниҳоят арзандае гузоштааст. Аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, метафизикаи Арасту, илми тибби Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Сино чун пешоҳанги тиб ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Ғайр аз ин, асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ чун дар омӯхтани мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ибрози назар намуда, гуфтааст, ки шинохти шахсияти Ибни Сино, як тан аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, имкон дорад, ки ба идеологияи Ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Зеро осори Ибни Сино дар ташаккули забониву қавмии миллати тоҷик 1000 сол муқаддам низ саҳми назаррас доштааст: "Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10-и милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст."
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Абӯалӣ ибни Сино давоми як шабонарӯз то 18-20 соат ба корҳои илмӣ машғул мешуд. Ибни Сино, ки бо заҳмату машаққати зиёд умр ба сар мебурд, ба мушкилоту сахтиҳои замон таслими нашуд. Ӯ ба ояндагон осорашро ба мерос гузошт. То имрӯз табибон тавассути ин китобҳои нодир донишу малакаҳои касбии худро ташаккул медиҳанд.
Дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби “Ал-Қонун фит-тиб”-и Сино кам китобҳоеро дидан мумкин, ки садсолаҳо ва ҳатто аз он беш ба оламиён сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ, хизмат карда бошад.
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим гиёҳдармониро чун василаи самарабахши табобати бемориҳои гуногун истифода мекарданд. Донишмандон тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо рӯзгору осори пурбаҳои худ пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд. Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла “Ал-Қонун фит-тиб”-и Ибни Сино, “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ, “Гиёҳнома”-и Абумансури Муваффақ, “Тиб”-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, то имрӯз китоби рӯйимизии донишмандони соҳа дар тамоми ҷаҳон аст. “Ал-Қонун фит-тиб”- и Абуалӣ Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиш ва нодири соҳаи гиёҳдармонӣ донист. Дар қисми дуюми ин асар, Сино, дар бораи 810 маводи доруӣ маълумот додааст, ки 376-тои онҳо маводи доруии гиёҳӣ мебошанд. Ҳамзамон фармудааст, ин гиёҳҳоро метавон аз минтақаҳои кӯҳистон пайдо намуд. Шояд дақиқан на, аммо тахминан мешавад гуфт, ки манзури Абӯалӣ ибни Сино аз кӯҳистон ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буд, зеро дақиқан кишвари азизи мо кӯҳистон асту ҳамаи он гиёҳҳои давоӣ дар ин ҷо мерӯянд. Воқеан, хоки ҳосилхез, обу ҳавои мусоид, шароити хуби ҷуғрофию антропогении Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ҳама гуна гулу гиёҳҳои шифобахш дар ин сарзамин дар хуб нашъунамо ёбанд.
Ибни Сино гуфтааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳи пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”
Бемор набояд ҳамчун бемори асримиёнагӣ дар панҷаи беморӣ моту мабҳут монда, табибро ба масъулияти ӯ ҳавола кунад. Балки зарурат тақозо дорад, ки унсури фаъол бошад, бо маълумотҳои дақиқи худ табибро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, дар ҷабҳаи табиб истода, ба муқобили беморӣ биҷангад ва дар ҳама ҳолат ёр, мададгор ва дасти рости табиб бошад. Бемор вақте табибро ёрӣ расонида метавонад, ки аз ҳоли тани худ огоҳии комил дошта бошад, дарди худро сари вақт ба таври дақиқ ва бурро ифода карда тавонад ва табибро бо маълумотҳои дурӯғу иғроқомез гумроҳ насозад. Тафоҳум нафақат барои шинохтани беморӣ зарур аст, балки барои муолиҷаи бемориҳои асрӣ, ки сабаби аксари онҳо эмотсионалӣ-иҷтимоист, ягона доруи безарари универсалист.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №753 “Дар бораи рӯзҳои ид”, фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1994, №229 “Дар бораи ид кардани зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ - “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ - “ Рӯзи кормандони тиб” ҳамасола 18 август ҷашн гирифта мешавад.
Гулзода М.Қ. Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор

23.07.2020     10008
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php