2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Чуноне ки сарвари давлат зикр кард, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.
Ҳунарҳои мардумӣ яке аз воситаҳои асосии муаррифии кишвар маҳсуб мешаванд. Сайру саёҳат яке аз анъанаҳои неки гузаштагони мардуми тоҷик ба шумор рафта, сол аз сол аҳамияти он дар пешрафти зиндагии шахс ва рушди ҷомеа бештар мегардад. Аз қадимулайём бо мақсади таҳсил, тиҷорату зиёрат одамон ба кишварҳои дуру наздик сафар менамуданд. Майлу хоҳиш барои дидани маконҳои таърихӣ, табиати зебою афсонавии манотиқи олам, пешрафту тараққиёти илму фарҳанг, марказҳои илмӣ ва бархӯрдор шудан бо тарзи зиндагии халқиятҳои кунҷу канори олам хоҳиши ашхоси худогоҳ ва соҳибмаърифатро новобаста ба монеаву мушкилоташ кам наменамояд. Аз байни донишмандони тоҷик кам набуданд нафароне, ки солҳои тӯлонӣ умри худро дар сарзаминҳои дуру наздик сипарӣ карда бошанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.
Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромади соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад.
Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.
Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Ҳ.Ҷ. Аминов, профессори кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

27.02.2020     462
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php