18 тавсия барои пешгирии коронавирус

1. Реҷаи корӣ ва дамгириро риоя кунед. Аз хоб сер шавед. Ҷисми наѓз дамгирифта барои касалиҳо як дижи дастнорас мешавад.
2. Дуруст ғизо хӯред — барои солимии ҷисм на кам аз 400 г маҳсулоти растанигӣ ҳар рӯз хӯрдан лозим аст. Хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоиданок бой мебошад.
3. Маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро танҳо баъди тамизгарии ҳароратӣ истеъмол намоед.
4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед, ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни ҷисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм — қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз хӯрок ва байни хӯрокхӯрӣ нўшед.
5. Ҷисман фаъол бошед – гимнастикаи ҳамарӯзаи бамеъёр масунияти ҷисмро то 32% баланд мебардорад, гоҳе ки женшен ҳамагӣ 11 % ва зарбеҳ 19%.
6. Баданро обутоб дињед. Ин рохи маълуму маъруфи пешгирии касалињо мебошад.
7. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед.
8. Ба назди одами бемор бе воситаҳои муҳофизӣ аз 3 метр наздиктар наравед.
9. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои касал истифода набаред.
10. Аз маскаи ҷаррохии тиббӣ истифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Кашидани ниқоби тиббӣ ба рӯй ҳангоми муоширати сиҳат бо бемор ва бемор бо сиҳат барои пешгирии касалшавӣ зарур аст.
Дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода баред, дар нақлиёт, ҷои кор, ҷои дарсомӯзӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра
11. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун напартоед.
12.Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.
13. Хонаро тез — тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.
14. Ҷойгаҳи касалро аз дигарон бо парда ҷудо намоед.
15. Тамоку ва нос накашед. Агар имкони партофтан нест, пас камтар кашед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар ҷойҳои беодам тамоку кашед ва партоби носро танҳо ба канализатсия (ташт) партоед, агар касал бошед, вирусатон ба дигарон сироят накунад. Тамоку ва нос ҷисми шуморо заҳролуд намуда , масунияти шуморо паст мефарорад, , қобилияти девории пардахои луобиро то 3 баробар паст намуда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муњайё месозад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: истгоҳҳо, вокзалҳо, аэропорт, гузаргоњҳои зеризаминӣ ва тротуарњо, дар наздикии даромадҳои мағозаҳову корхонаҳо тамоку накашед. Одамони аз ин пойбандаги озод бояд худашонро аз дуд эҳтиёт кунанд.
16. Нӯшокиҳои алкоголӣ нанӯшед. Онҳо ҷисмро заҳролуд намуда, масуниятро заиф мегардонанд, пардаҳои луобиро хушк намуда, қобилияти муҳофизавии онҳоро паст менамоянд ва барои вирусҳо дарҳоро мекушоянд.
17. Ҳар рӯз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним қошуқча намаки ошии баҳри+ ним қошуқча содаи оши + 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи кашидан ба бинӣ шӯед. Гулӯро низ бо намакоб баъди хӯрок ғарғара намоед. Хусусан баъди муошират бо одамон ин амал ҳатмист.
18. Некназар бошед. Некназари масуниятро мустаҳкам месозад. Фаромӯш накунед, ки тафаккури мо то андозае муайяне воқеиятро меофарад.
(Pressa. tj)


13.03.2020     598
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php