БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард. Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд чун тағйиротҳои дар ҷомеа ба амаломада, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти ватанамон Эмомалӣ Раҳмон.

 Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ин қонун давлат ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд. Масъалаи муҳими дигар ин дахлнопазирии шахсият, моликият ва монанди инҳо мебошад.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар мусоидат менамояд.

Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шуруъ шудааст. Мукаддимаи Конститутсия бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» огоз меёбад. Мувофики ин халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ҳамчун «баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Точикистон аввалин маротиба мафхуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз чониби ҳизбу созмон, гуруҳе ва ё фарде манъ кард.

Низоми нави давлатдорӣ, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё кард.

Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, вичдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятхои иктисодӣ фарохам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти кишвар хадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва захматҳои шабонарузии Сарвари миллат пойдор гардид.

Пушида нест, ки маҳз маҷмӯи қонунҳо дар зиндагӣ инсонҳоро мададгор мешавад, фаъолияташонро ба низом меоварад ва уқдаҳои мушкилоти ононро во месозад. Азҷумла:

1.   Тамоми аркони давлат бояд тибқи нишондодҳои Қонуни асосӣ фаъолият намоянд;

2.   Кулли қонунҳои дигар бояд дар заминаи Сарқонун таҳия ва мавриди истифода қарор бигиранд;

3.   Конститутсия бояд такягоҳи асосии давлату ҳукумат бошад ва ҳама мақомоти мавҷуда фаъолияти хешро мувофиқи он ба роҳ монанд;

4.   Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад.

Қобил ба таъкид аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн дорад ва мардум бо камоли сарбаландӣ 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳсутуни кохи миллат аст, ҳамасола қайд менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки шиносномаи давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намояд. 

Таибов С. А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М .- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


28.10.2020     4961
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php