Ҳазар аз ҳар раҳи пургард гуем....

Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Миллати тоҷикро бо бузургонаш Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар нобиғагонаш мешиносанд. ҲНИТ, ки имрӯз ҳатто аз рӯи миқдор гурӯҳ ҳам нест ва гурӯҳи 24-ро гурӯҳ ҳам гуфтан мумкин нест, чӣ ҳадаферо дар сар дорад. Магар ӯ умед дорад, ки ба Ватан бармегардад ва мақому манзалат пайдо мекунад. Ё бовар дорад, ки аз берун қарор гирифта, давлатеро, ки Ҳукумату мардумаш якдилу якмаром аст, вайрон мекунад. Ё ин қадар ҳам маблағҳои сарпарастони хориҷӣ ширин аст,ки инҳоро аз ягон кори ношоиста бознамедорад? Магар шарм намедорад, ки маҳз обу хоки ҳамин кишвар онҳоро тарбият кардааст, онҳоро нону об додааст, ба шоҳроҳи бузург раҳнамоӣ кардааст?! Вақти он аст, ки тавба намоянд ва аз ин амалҳои шайтонӣ даст кашанд.Банда боз як бори дигар итминон пайдо кардам, ки ҷинояткоре, ки қасд ба оромии кишвари худ мекунад, аз ягон роҳи бад намегардад, мо олимон, ходимони дин дар ин ҷода фикр мекунем, ки мардуми Тоҷикистон аз чунин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон безор ҳастанд. Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гуш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрузиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад? Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чи ҷоннисориҳо давлати Тоҷиконро аз мустамликаи давлату миллатҳои абарқудрат шудан бо забон ва расму оини мардуми хеш нигоҳ дошта ба ин рӯзҳои нек моро расонид. Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангҳо дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.Миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имруз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?!
ТЭТ ҲНИ ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар дорад ва моро зарур аст, ки дигар ба суханони бешарафи Кабирӣ ва пайравону ҳамсафонаш гуш надиҳем, садди роҳи онҳоро гирифта, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд. Бале аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Хитоб ба ин кӯрдилон аст, ки шумо бо амалҳои бади хеш теша ба решаи миллат мезананд!.
С.А.Таибов- сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия асс.каф.стом.муолиҷавӣ.

14.05.2020     285
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php