Маълумоти умумӣ


Начальник отдела
0F8A2708.jpg
Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ (собиқ шуъбаи магистратура ва аспирантура) ҷузъи сохтории Донишгоҳ буда, мақсади асосии он ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи олӣ дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад.
Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ фаъолияти худро дар сохтори муовинати илм ва нашрияи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст:
• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати илмию технологӣ»;
• Қарорхои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Стандартхои давлатии докторантура аз рўи ихтисос (РhD) ва магистратура;
• Оинномаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»;
• Низомномаи шӯъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ;
• Низомномаи Шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти ҶТ ва КОА Федератсияи Россия;
• Қарорҳои коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Қарорҳои коллегияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Қарорҳои Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
• Фармонҳои Вазири маориф ва илм, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Фармонҳо ва супоришҳои Ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино”;
• Нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрияи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино”.

Мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Шуъба


1. Коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерсохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” оид ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ;
2. Банақшагирӣ ва ташкили омодасозии кадрҳои илмӣ;
3. Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва иттилоотии омодакунии кадрҳои илмӣ;
4. Ҳамоҳангсозии таълимӣ-илмии омодакунии кадрҳои илмӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии омодакунии онҳо;
5. Тайёр намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогии баландихтисос;
6. Таҳияи нақшаи қабул ва хатми докторантура аз рўи ихтисос (РhD), аспирантура, унвонҷўён, магистратура ва назорати иҷроиши онҳо;
7. Фароҳам овардани шароити мусоид баҳри корҳои илмӣ-тадқиқотии докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон, таъмин бо иттиллоот ва ташкили чорабиниҳои илмӣ, амалӣ дар Донишгоҳ ва хориҷӣ кишвар;
8. Гузаронидани эскпертизаи маводҳои аввалияи рисолаҳои илмии диссертатсионӣ докторантон, аспирантон ва унвонҷўён;
9. Назорати иҷроиши нақшаҳои инфиродии докторантон аз рўи ихтисос РhD, аспирантон ва унвонҷўён;
10. Гузаронидани имтиҳонҳои номзадии минимумӣ барои докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон ва унвонҷўён;
11. Таъмини нигоҳ доштан ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои докторантон аз рўи ихтисос (РhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон;
12. Ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” ва шўроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо



Контакты


Суроға: ш.Душанбе, н.Сино, куч.Сино 29-31
Тел.: (+992) 44 600-36-25
E-mail: ilm@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php