Маълумоти асосӣ


Директори марказ
Озмоишгоҳи Марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ) қисми таркибии сохтори илмию тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, идоракунандаву ҳамоҳангсози раванди масъалаҳои ҳалталаби илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ мебошад ва бевосита ба ректор ва муовини ректороид ба илм ва инноватсия итоат мекунад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ) бо Қарори Совети Вазирони СССР таҳти № 735 аз 12 августи соли 1961 дар назди Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таъсис дода шудааст.
Аз рӯзи таъсисёбӣ то ин давра ҳамчун манбаи асосии иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маҳсуб ёфта, дар он 32 рисолаи докторӣ ва 112 рисолаи номзадӣ ба анҷом расидааст.
Масохати умумии Озмоишгоҳ 0,33 га, буда аз онхо: 574 м2 таълимӣ, озмоишгоҳҳо 451,2 м2, анборҳо- 113,2 м2, таҳхона- 136,4 м2 мебошанд.
Дар ОМИТ 9 ҳуҷраҳои озмоишӣ, 1 толори лексионӣ бо 54 ҷои нишаст, 2 амалиётхона бо 3 мизи ҷарроҳӣ, 7 ҳуҷраи нигоҳдошти ҳайвонот бо 15 бокс ва 80 катак барои нигоҳдошти харгӯшҳо, 2 ҳавзчаҳои нигаҳдошти қурбоққа, 40 адад катакҳо барои нигаҳдошти калламушхо мавҷуданд.

Мақсади ОМИТ


Мақсади асосии озмоишгоҳ, ин бунёди маркази илмию методӣ ва клиникию экперименталии умумидонишгоҳӣ барои гузаронидани маҷмӯи корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои тиббӣ–биологӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии ОМИТ


• Омода сохтани шароити зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва таълимӣ ба ҳайати омӯзгорон, профессорон, унвонҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо ва донишҷӯён.
• Робитаи илми-тадкикоти байни дигар озмоишгоҳҳои кафедраҳои донишгоҳ ва марказҳои илми-тадкикотӣ.
• Баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар зершӯъбаҳои озмоишгоҳ бо истифодабарии технология, таҷҳизот ва дастовардҳои муосири ватанӣ ва ҷаҳон.
• Ҷалб намудани сармоягузонрони хориҷӣ барои рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодаи технологияҳои муосир.
• Ба роҳ мондани робитаи зич байни дигар озмоишгоҳҳои кафедраҳои донишгоҳ ва марказҳо.

Сохтори ОМИТ


Дар Озмоишгоҳ шаш бахш: озмоишгоҳои клиникӣ ва биохимиявӣ, морфологӣ, молекулярӣ- генетикӣ, ҷарроҳии эксперименталӣ ва виварий фаъолият намуда, бо лавозимотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.
1. Озмоишгоҳи клиникӣ ва биохимиявӣ: ин озмоишгоҳ бо ҳамаи таҷҳизотҳо барои гузаронидани ташхисҳои клиникӣ ва биохимиявӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои гузаронидани ташхисҳои маводҳо ва реактивҳо дар вақти лозимӣ дастрас карда мешаванд.
2. Озмоишгоҳи морфологӣ: дар бинои асосии ОМИТ ҷойгир буда, бо таҷҳизотҳои лозимӣ таҷҳизонида шудааст. Кор дар ин озмоишгоҳ дар ду самт ба роҳ монда шудааст: илмӣ–тадқиқотӣ ва ташхиси патогистологӣ. Дар ин озмоишгоҳ намуди ташхисҳои биопсия ва ташхисҳои маводҳои ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бахш асосан ташхисҳои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва эксперменталӣ гузаронида мешаванд.
3. Озмоишгоҳи молекулярӣ-генетикӣ: дар ин бахш барои гузаронидани ташхисҳо бо дастгоҳи ҳозиразмамони (ПСР, Real time), маводҳои сарфшаванда ва реагентҳо, барои ба роҳ мондани ташхис дастрас карда шуданд.
4. Бахши ҷарроҳии эксперименталӣ: аз 2 амалиётхона иборат буда дар он чунин таҷҳизотҳо мавҷуданд: 3 мизи ҷарроҷӣ, лампаи ҷарроҳӣ, дастаи асбобхои ҷарроҳӣ, дастгоҳи мадҳушкунандаи ҷарроҷӣ, ҷевон барои нигаҳдошти доруворӣ, ду мизи калони корӣ, ду адад мизи нигаҳдошти асбобҳои ҷарроҳӣ.
5. Бахши фармакологияи эксперименталӣ: дар ин бахш ду ҳуҷра барои гузаронидани таҷрибаи алафҳои доругӣ мавҷуд аст. Алафҳои доругӣ аз тарафи кормандони бахш дастрас карда мешаванд. Корҳои эксперименталӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ гузаронида шуда, таҳлилҳо дар бахши озмоишгоҳи клиникӣ ва биохимиявӣ гузаронида мешаванд.
6. Бахши нигаҳдошти ҳайвонот: ин бахш аз 6 ҳуҷраҳои майда ва 2 ҳуҷраи калон барои нигаҳдошти ҳайвоноти озмоишӣ иборат аст. Ҳамаи ҳуҷрахо бо катакҳои лозимӣ ҷихозонида шудаанд. Дар катакҳо барои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ алоҳида сатилчаҳо мавчуданд.

Корҳои таълимӣ


Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ фаъолияти худро дар самтҳои таълимӣ – таҷрибавӣ, тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ татбиқ намуда, якҷоя бо кафедраҳо дар гузаронидани дарсҳои амалӣ иштирок менамояд. Дар бинои асосии ОМИТ 2 ҳуҷраи таълимӣ бо 40 ҷои нишаст ва 1 толори хурди лексиони бо 50 ҷои нишаст, ки бо овезаҳои нави замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, мавҷуд аст.
Ҳуҷраҳои таълимӣ ба ғайр аз ихтисосгирандагон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос боз барои баъзе дарсҳои амалии кафедраи физиологияи нормалӣ ва амалияи чарроҳӣ ва анатомияи топографияӣ, маҳфили “ҷарроҳони ҷавон” истифода карда мешаванд.
Кафедраҳое, ки машғулияти амалиро барои донишҷӯён дар ОМИТ мегузаронанд:
1.Кафедраи фармакология дар ОМИТ дар дарсҳои амалии таълимӣ барои доишҷӯёни курсҳои сеюм (факултахои тибби, стоматологӣ, фармасевтӣ, педиатрӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа) гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ донишҷӯён таъсири доруҳоро мебинанд ва хубтар аз худ менамоянд.
2. Кафедраи физиологияи патологӣ машғулиятхои амалиро дар мавзӯъҳои: “Муайян намудани вайроншавии хунгардиши микросиркуляторӣ дар манбаи газакнокӣ” (таҷрибаи Кончейм), просесси ҳосилкунии тромби дохилӣ дар шараёнҳои рӯдаҳо ва эмболияи чарбуии шараёнҳои давари калони хунгардиш дар қурбоққа бо ҳамроҳии ассестентҳои вобастабуда мегузаронанд.
3. Кафедраи физиологияи нормалӣ машғулиятхои амалиро дар мавзӯъҳои: ангезиш, “Таҷрибаи Станиус- омӯзиши системаи гузаронандаи дил”, гардиши хун, - ро дар қурбоққа, инчунин муайян намудани гурӯҳи хун дар донишчӯён.
4. Кафедраи асабшиносӣ бо асосҳои ирсияти тиббӣ амалиёти ҷарроҳии таълимиро оиди омӯзиши тағъиротҳои неврологӣ ҳангоми ангезонидан ва буридани асаби симпатикӣ дар мавзеъи паҳлуии гардан, дар ҳайвонотҳои озмоишӣ ( харгӯш) мегузаронанд.
5. Кафедраи анатомияи топографӣ дар якҷоягӣ бо коргарони ОМИТ барои донишҷӯёни курси сеюм ва чорум амалиётхои ҷарроҳии таълми мегузаронанд. Инчунин маҳфили «Ҷарроҳони ҷавон»- фаъолият менамояд, ки аъзоёни маҳфили мазкур асосан донишҷӯёни курсҳои 2-5-ум мебошанд.

Дастовардҳои Ощзмоишгоҳ


1. Барои пурзўр намудани базаи моддию техникӣ дар бахши морфология дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхисии- микротом, дастгоҳи худкор барои гузаронидани мустаҳзарҳо, дастгоҳи рехтагарии парафин бо амалиёти сардкунии он, криостаттермостат дастрас карда шуданд, ки дар муддати 5 соли охир барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантҳо, унвонҷўён ва мустаҳзарҳои аз беморхонаҳо фиристода шуда, зиёда аз 2000 таҳлилҳо гузаронида шуданд.
2. Барои пурзўр намудани базаи моддию техникии бахши озмоишҳои биохимиявӣ ва клиникӣ дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхисии- анализаторӣ-биохимиявии СТАТ ФАКС, гемоанализатор, дастгоҳ барои лахташавии хун, термостат дастрас карда шуданд, ки дар муддати 5 соли охир барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантҳо, унвончуён 38000 таҳлилҳо гузаронида шуданд.
3. Дар Озмоишгоҳ соли 2017-ум бахши озмоишгоҳи молекулярӣ- генетикӣ ба роҳ монда шуда, се нафар кормандон солҳои 2015-2017-ум дар ш.Маскави Руссия ва як нафар дар ш.Мюнхени Олмон курси кўтоҳмуддати омўзиши ташхиси генетикиро аз худ намуданд. Барномаи дуҷонибаи ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино ва Беморхонаи сироятии Кох (Олмон) оиди лоиҳаи “Қавигардонии ташхис, тибби озмоишгоҳӣ ва тадқиқоти бактерияҳои ниҳоят хатарнок Bacillus anthracis ва Francisella tularensis дар Тоҷикистон» давом дода шуда истодааст. Барномаи мазкур барои солҳои 2017-2019 пешбинӣ карда шудааст. Аз тарафи лоиҳа дастгоҳҳои муосири ташхисии: ПСР-реал-тайм, ҷевони биобехатарӣ, системаи ген-электрофорез, сентрофугаи муосир, термошейка, тарозуи электронӣ, маводҳои ташхисӣ дастрас карда шуда, дар муддати 3 соли охир 400 ташхисҳои генетикӣ гузаронида шуданд.
4. Дар бахши фармакологияи эксперименталӣ барои омўзиши қисми эксперименталии хусусиятҳои шифоии алафҳои доругии тадқиқотшванда дастгоҳи алафхушккунандаи леофилӣ дастрас карда шуда, аз тарафи аспирантҳо ва унвонҷўён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуданд.
5. Дар Озмоишгох барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сохтани моделҳои эксперименталии: сохтани модели эксперименталии стриктура ва ҷароҳати холедох, модели фистулагузорӣ барои омўзиши талхаронӣ бо усули Фишер ва Варса, усули омўзиши хусиятҳои зиддиилтиҳобӣ тавассусти гистамин, серотонин ва формалин, модели гепатити токсикӣ бо чор хлориди карбон, модели диабети қанд, бо истифодаи аллаксан ва стрептозотоцин, модели сохтани шикасти устухонҳои дароз ва ворид намудани хуҷайрахои бунёдӣ дар мағзи он, сохтани перитонити асептикӣ бо маводи фармалин, модели ишемияи рўдахо бо бастани шараёнҳои мезентериалӣ гузаронида шуданд.
6. Барои пурзўр намудани базаи моддию техникии курси “Духтури таҳлилгар”, ки машғулимятҳои амалиро дар Озмоишгоҳ мегузаронанд 10 адад заррабиноҳои (микроскопҳои) муосир дастрас карда шуданд.

Робитаи ОМИТ бо кафедраҳо ва марказҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ


Кафедраҳои зерин бо ОМИТ робитаи илмӣ-тадқиқотӣ ва амалӣ доранд: амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, гистология, травматология, фармакология, химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, технологияи дорусозӣ, биохимия, ҷарроҳии умумии №1, ҷарроҳии умумии №2, бемориҳои ҷарроҳии №1, бемориҳои ҷарроҳии №2, ҷаврроҳии ҷоғў рўй ва стоматологияи кўдакона, анатомияи патологӣ, онкология, физикаи тиббӣ ва информатика.

Мукофотҳои кормандони марказ


Корманди Омит н.и.х Махкамова Б.Х. соли 2016-ум. Махкамова Б.Х. барои ихтирои "Фитосуман" - маводи зиддибактериявӣ - дар озмуни ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҷоизаи “Беҳтарин зани ихтироъкор” -ро соҳиб шуда, бо медали тилло мукофотонида шуданд.
Дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” №3, 2016с оиди ин дастовардҳо мақола дар ҳаҷми 4 саҳифа аз чоп баромад. Кормандии илмии Озмоишгоҳ н.и.х. Саманедаров Н.Ю, соли 2019 соҳиби ҷоизаи «Сино» гардид.

Робитаҳои ОМИТ бо Марказҳои илмии хориҷӣ


1. Донишкадаи технология, химия ва физикаи Урумчӣ
2. Академияи илмҳои Республикаи халқии Хитой
3. Донишкадаи тибби суннатии Хитой.
4. Донишкадаи тибби Шарқии Федератсияи Руссия
5. Донишкадаи фитотерапияи Маскав
6. Донишкадаи умумироссиягии гиёҳҳои доруворӣ ва равғани эфирдор
7. Маркази Федоралии илмӣ-клиникии Руссия (ш.Маскав)
8. Донишгоҳи давлатии Тамбов ба номи Державин
9. Коллеҷи Зороастрии шаҳри Бомбей
10. Маркази тибби суннати Алма-ато
11. Донишкадаи тиббии Чикаго
12. Донишкадаи тибби эксперименталбӣ (ЭМАН РФ) Санкт- Петербург

Курси «Ташхиси клиники озмоишгоҳӣ»


Курси «Ташхиси клиники озмоишгоҳӣ» дар асоси Ҷарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз санаи 29 сентябри соли 2016 таҳти фармоиши №2 ва банди 25 ва 97-и «Оинномаи донишгоҳ» ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ин соҳа таъсис дода шудааст.
Пойгоҳи асосии курси мазкур Озмоишгоҳи марказии илми тадқиқотии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Дар курс кормандон дар 3.75 воҳиди корӣ фаъолият доранд: 1-нафар профессор, 3-нафар номзади илм,1-нафар табиб таҳлилгари соҳа бо дараҷаи олӣ, 3 –нафар мутахассисони ҷавони маълумоти пурраи олӣ ва ихтисосгирии касбӣ дошта мебошанд.
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php