Маълумоти умумӣ
Озмоишгоҳи кишти селлулаҳои бунёдии (ОКСБ) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 20 ноябри соли 2009 бо иштироки асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳур ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, кушода шуд. Аввалин ҳуҷайрадармонӣ дар ин озмоишгоҳ 9 марти соли 2010 барои бемории ишемиявии дил гузаронида шуд.
Озмоишгоҳи кишти селлулаҳои бунёдӣ (ОКСБ) ҷузъи асосии мустақили таркибии сохтори илмию-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, идоракунандаву ҳамоҳангсози раванди масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳуҷайрадармонӣ мебошад ва бевосита ба ректор ва муовини ректор оид ба илм ва корҳои табъу нашр итоат мекунад.
Мақсади ОКСБ
Мақсади асосии озмоишгоҳ, ин бунёди маркази илмию методӣ ва клиникию – эксперименталии умумидонишгоҳӣ барои гузаронидани маҷмӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои тиббию – биологӣ ва кӯмак расонидан ба корҳои илмӣ- тадқиқотии унвонҷӯёни ҷавон мебошад.
Вазифаҳои асосии ОКСБ
1. ОКСБ, дар бахши самтҳои барояш тасдиқшуда, омӯзиш, тадқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибавиро ташкил намуда, бо кафедраҳо ва сохторҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
2. ОКСБ барои тайёр намудани мутахассисони оиди “ҳуҷайрадармонӣ ” дар гирифтани маълумоти умумӣ шароит фароҳам меорад.
3. Барои донишӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ба донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо дар асоси шартнома бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, курсҳои омӯзиши асосҳои “ҳуҷайрадармонӣ” ташкил менамояд.
4. Нақшаҳои ҳарсолаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва курсҳои омӯзишӣ, натиҷаҳои умумӣ фаъолияти ОКСБ, барои тасдиқ аз ҷониби ректор ба шӯрои илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод карда мешаванд. Дар мувофиқа бо ноиби ректор оид ба ва корҳои табъу нашр нақшаи корҳои илмиро омода менамояд. Дар мувофиқа бо ноиби ректор оид ба таълим нақшаи курсҳои омузишии “ҳуҷайрадармонӣ”-ро омода менамояд.
5. ОКСБ вазифадор аст, ки супоришҳои ДДТТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ-ро иҷро намояд.
Сохтори ОКСБ:
Дар бинои асосии ОКСБ ҳуҷраи иммуноферментӣ, ҳуҷраи озмоиши об, ҳуҷраи кишти селлулаҳои бунёдӣ, ҳуҷраи таълимӣ, толори маҷлисӣ, ҳуҷраи кормандон, ҳуҷраи ҷои нишасти директор, ҳуҷраи маҳзани селлулаҳо ва ҳуҷраи заррабинии люминестсенти ҷойгир шуда бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Масоҳати умумии Озмоишгоҳ ба 304 м2 баробар мебошад.
Озмоишгоҳ бо 1 проектор бо доскаи электронӣ, 18 компютер, 1 ноутбук, 9 кондитсионер, 1 ксерокопия, 2 микроскоп, 6 яхдон, 1 морозилник, 1 таҷҳизоти яхбарор, 1 ҷевони биобехатарӣ, 1 сентрифуга, 1 инкубатор, 6 принтер, 20 дона миз, 43 дона курсӣ, 9 дона ҷевон ҷиҳозонида шуда аст.
ОКСБ дорои 9 воҳиди корӣ буда, бандшавии бастҳо 8,5 (94,44%) воҳиди корӣ буд, фардҳои машғули кор 9 нафарро ташкил медиҳанд. Дараҷанокии илмӣ дар байни коргарони асосӣ 50,0%-ро ташкил медиҳад. Сину соли миёнаи кормандони озмоишгоҳ ба 35,6 сол баробар аст.
Самтҳои асосии ОКСБ
Дар соли сипаригашта ОКСБ дар бахши корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, хамкорӣ барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ самтҳои нави ҳамкориҳои илмӣ- тадқиқотӣ идома ёфтанд:
• Бо Пажӯҳишгои илми-тадқиқотии гематология ва трансплантологияи кӯдаконаи ба номи Р.М. Горбачёваи ш. Санкт Петербурги ФР дар рушди кишти селлуаҳои бунёдӣ;
• Маркази илмии Ҷумҳуриявии ҷароҳиҳои қалб ва рагҳои хунгард дар самти гузаронидани ҳуҷайрадармонии бемориҳои дилу рагхо ва осеби сутунмуҳра;
• Кафедраи осебшиноси ва ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
• Бо ОМИТ дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотии эксперименталӣ оиди ҳуҷайрадармонӣ.
Робитаҳо ва ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ:
Дар соли сипаригашта ОКСБ дар бахши корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, хамкорӣ барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ самтҳои нави ҳамкориҳои илмӣ- тадқиқотӣ идома ёфтанд:
1. Бо Пажӯҳишгои илми-тадқиқотии гематология ва трансплантологияи кӯдаконаи ба номи Р.М. Горбачёваи ш. Санкт Петербурги ФР дар рушди кишти селлуаҳои бунёдӣ.
2. Маркази илмии Ҷумҳуриявии ҷароҳиҳои қалб ва рагҳои хунгард дар самти гузаронидани ҳуҷайрадармонии бемориҳои дилу рагхо ва осеби сутунмуҳра.
3. Кафедраи осебшиноси ва ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
4. Бо ОМИТ дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотии эксперименталӣ оиди ҳуҷайрадармонӣ.
Гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва табобатӣ дар озмоишгоҳҳои ОКСБ бо кафедраҳои донишгоҳ ва марказҳои илмӣ
То соли 2017 дар ОКСБ ба зиёда аз 120 нафар беморон ҳуҷайрадармонӣ гузаронида шудааст, ки бемориҳои зеринро дар бар мегирад:
Бемории ишемиявии дил, сиррози ҷигар, бемории Бюргер, осеби сутунмӯҳра, ангиопатияи диабетӣ, миопатияи модарзодӣ, буғуми қалбакӣ, гонартроз ва коксартроз, бемории канд.
Инчунин корҳои эксперименталӣ, оиди тағъироти миқдорӣ ва сифатии ҳуҷайраҳои бунёдӣ ҳангоми истифодаи доруҳои гепатопротекторӣ ва гепатотоксикӣ, ва таъсири онҳо ба бофтаи ҷигар гузаронида шудаанд, ки кори илмии рисолаи номзадии яке аз унвонҷуён мебошад.
Дар модели эксперименталӣ бо истифодаи ҳайвоноти озмоишӣ омӯзиши ҳуҷайраҳои бунёдии стромалӣ барои табобати шикасти устухон давом доранд. Ин кори илмии рисолаи номзадии дигаре аз унвонҷуён мебошад.
Бояд кайд намуд, ки дар давоми фаолияти ОКСБ, ки танҳо ба корҳои илмӣ тадқиқотии ҳуҷайрабунёдӣ ва ҳуҷайрадармонӣ вобаста аст, як рисолаи илмии номзадӣ дифо шуда, 3 рисолаи номзадии дигар ба наздикӣ дифо хоҳад шуд.
Инчунин, дар Озмоишгоҳи иммуноферментӣ корҳои зиеди илмӣ-тадқиқотӣ оиди муаян намудани интерлейкинҳо, иммуноглобулинҳо, ФНК ва мелатонин гузаронида мешаванд, ки дар ин бахш низ корҳои зиёди унвонҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба анҷон расидаанд.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷалаҳои байналмиллалӣ: Канада, ИМА, Қатар, Чин, Руссия, Украина ва маҷалаҳои ватанӣ соп шудаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар солҳои охир роҳбарияти донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд нисбати ин Озмоишгоҳ изҳор намуда, кормандони ин Озмоишгоҳро баҳри такмил додани ихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониш ва наздик сохтани робита бо дигар олимони ин соҳа берун аз кишвар ба хориҷи кишвар барои омӯзиш ва иштирок дар семинару конфронсҳо равона намуда, пурра маблағҳои сарфиро таъмин менамояд. Аз он ҷумла, омӯзиш дар Олмон, Эрон, ва Руссия.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо: