Маълумоти асосӣ


Директори марказ
Маркази рушди стратегӣ ва менеҷмент яке аз воҳидҳои сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси ректори донишгоҳ январи соли 2017 фаъолиятро оғоз намудаст.
Марказ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ таҳия ва татбиқи принсипҳои системаи менеҷменти сифат ва мутобиқсозии фаъолияти донишгоҳ ба меъёрҳои давлативу байлалмилалӣ таъсис дода шудаст. Вобаста ба ин, чунин вазифаҳоро дар назди худ гузоштааст: банақшагирии стратегии рушди Донишгоҳ дар доираи амалисозии барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуддат дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ; таҳия ва татбиқи принсипҳои системаи менеҷменти сифат дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ ISO 9001; омода намудани донишгоҳ барои гузаронидани аудити дохилӣ ва берунӣ ва мутобиқсозии барномаҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ.
Вобаста ба татбиқ ва амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушд ва фаъолитияти инноватсионӣ дар донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино амалишавии «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва Стратегияи рушди инноватсионӣ то давраи соли 2020 роҳандозӣ шудааст.

Вазифаҳои асосии Марказ:


• Таҳия ва амалисозии нақшаҳои стратегии донишгоҳӣ, барномаҳои рушди самтҳои фаъолияти донишгоҳ вобаста ба амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, илм ва тандурустии чумҳурӣ;
• Мониторинги иҷрои нақшаи чорабиниҳои стратегияи рушд ва барномаҳои донишгоҳ;
• Иштирок дар таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии сохторҳои донишгоҳ бо назардошти иҷроиши вазифаҳои стратегӣ ва рисолати донишгоҳ;
• Таҳия ва тадбиқи принсипҳои системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмиллалӣ дар фаъолияти сохторҳои донишгоҳ (ИСО 9001);
• Таҳлили муфассал ва асосноки фаъолияти пурраи донишгоҳӣ дар асоси маълумотҳои санҷидашуда ва истифодаи он дар таҳияи дурнамои рушди донишгоҳ;

Самтҳои асосии фаъолияти Марказ:


•Бо истифодаи усули банақшагирии стратегӣ таҳиясозии барнома ва нақшаҳои рушд баҳри расидан ба ҳадафҳои донишгоҳ ва мукаммал намудани механизми идоракунии фаъолият;
• Дагестанский государственный медицинский университет (ДГМУ)
• Таҳия ва ҷори намудани механизми идоракунии босифат дар донишгоҳ баҳри таъмини фаъолияти натиҷабахш ва самаранок;
• Омодасозии донишгоҳ барои гузаронидани аттестатсияи давлатӣ ва байналмиллалӣ, дарёфти сертификати мутобиқати сифат.

Ҳамкориҳои Марказ:


•Марказ ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи сохторҳои донишгоҳӣ ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ муносибатҳои кориро ба роҳ мемонад;
• Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, бо ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ дар мувофиқа бо ректор ҳамкорӣ менамояд.

Тамос


Суроға: ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 139
Телефон: (+992) 44 600 3641
E-mail: sdm@tajmedun.tj

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php