Маълумоти асосӣ


Муовини ректор оид ба илм ва нашрия
Mukhabbatov_CH.K..jpg
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва нашрия дар баробари фаъолияти таълимӣ ва табобатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати омўзгорон ва профессорони донишгоҳ буда, қисми илмии онро роҳбарӣ мекунад.
Фаъолият дар ин самт мутобиқи санадҳои меъёрӣ ва нақшаҳои зерини фаъолият анҷом дода мешавад:
• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати илмию технологӣ»
• «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»
• Оинномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
• Низомномаи шуъбаи илм ва инноватсионии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
• Низомномаи шӯъбаҳои аспирантура, докторантура ва магистратура
• Низомномаи Шӯрои диссертатсионии КОА Федератсияи Россия
• Қарорҳои коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Қарорҳои коллегияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Қарорҳои Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
• Фармонҳои Вазири маориф ва илм, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Фармонҳо ва супоришҳои Ректори ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
• Нақшаҳои чорабиниҳои шуъбаи илми ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Шӯъбаи илм яке аз сохторҳои калидии (асосии) донишгоҳ буда, кафедраҳо ва Марказҳои соҳаҳои гуногуни фаъолиятро муттаҳид менамояд.
Шўъба бо гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии потенсиали илмӣ, фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ, комиссияҳои проблемавии байникафедравӣ ва навоварӣ дар донишгоҳро роҳбарӣ мекунад.
Натиҷаи фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва нашрияи шуъбаи илм дар самтҳои зерин баррасӣ ва таҳлил карда мешавад:
Нишондиҳандаи потенсиали илмии донишгоҳ
• Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
• Тайёр кардани кадрҳои илмӣ
• Фаъолияти эҷодӣ ва навоварӣ
• Чорабиниҳои илмӣ
• Фаъолияти Марказҳо ва комиссияҳо
• Фаъолияти Ҷамъияти илмии ҷавонон
• Фаъолияти Маркази илмӣ-тадқиқотӣ
• Фаъолияти Маркази илмӣ-тадқиқотӣ

Мақсад ва вазифаҳои шуъба


1. Коркард ва амалигардонии грантҳо, барномаҳо:
• идоракунии корҳои ташкилотӣ ҷиҳати банақшагирӣ ва амалигардонии КИТ дар донишгоҳ;
• ташкили бақайдгирии лоиҳаҳои давлатӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ барои гузаронидани экспертиза;
• ҷорӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии давлатӣ ва хориҷӣ дар самтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалигардонии лоиҳаҳои муштарак;
• рушди фундаменталии КИТ дар донишгоҳ;
• ташкил ва гузоронидани конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва форумҳо барои КИТ, барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ;
• таъминоти маълумот дар бораи озмунҳо, маъракаҳо, олимпиадаҳо, грантҳои оид ба КИТ
2. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ:
• ташкили нақшаи қабул ва озод намудани дар аспирантура, докторантура ва назорати татбиқи он;
• фароҳам овардани шароит ва таъмини маълумот оиди гузаронидани КИТ-и аспирантҳо, унвонҷўён ва докторантҳо, инчунин гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар донишгоҳ ва хориҷа;
• назорати иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавии аспирантон, унвонҷўён ва докторантон;
• гузаронидани аттестатсияҳо, имтиҳонҳо, минимуми аспирантон, унвонҷўён ва докторантон;
• таъмини бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва коргузории кортҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои аспирантон, унвонҷўён ва докторантон
3. Иҷрои корҳои илмӣ:
• назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои проблемавӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ, ҷамъияти ихтироъкорон, ҷамъияти олимони ҷавон ва донишҷӯён, ҳисобот ва муайянсозии самтҳои афзалиятнок барои ҳамаи зерсохторони Шӯъба;
• ҳамоҳангсозии КИТ дар фаъолияти таълимӣ ва муолиҷавии донишгоҳ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар равандҳои таълимӣ ва муолиҷавӣ;
• ҷамъоварӣ ва таҳлили КИТ-и донишгоҳ, пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти илмии донишгоҳ, ҳисобот дар бораи иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти илм, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳисобот дар бораи ҷорӣ намудани КИТ дар амалияи тиббӣ, ҳисобот оиди фаъолияти шӯроҳо, комиссияҳо ва зерсохторони Шуъба;
• таҳия ва татбиқи нақшаҳо, стратегияи рушди фаъолияти илмии донишгоҳ;
• бақайдгирии дастовардҳои илмии донишгоҳ, хулосаҳои КИТ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалияи тиббӣ;
• Такмилдиҳии фаъолияти илмии донишҷӯён, дастгирии донишҷӯёни боистеъдод ва фаъоле, ки бо корҳои илмӣ машғуланд, пешниҳод намудани довталабони сазовор ба аспирантура аз ҳисоби хатмкунандагон
4. Фаъолияти нашрия:
• таъмини нашри тадқиқоти илмии олимон, олимони ҷавон ва донишҷӯён дар нашрияҳои илмӣ-тадқиқотии ватанӣ ва хориҷӣ;
• таҳлил ва мутобиқати мақолаҳои илмӣ ба талаботи маҷаллаҳо, таъмини тақриздиҳандагони мақолаҳои илмӣ
5. Давра ба давра баргузор кардани комиссияҳои проблемавии байникафедравӣ.
• Барои ноил шудан ба вазифаҳои асосӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, донишгоҳ тадқиқоти ҳамаҷонибаи бунёдӣ ва амалӣ оид ба равандҳои биологӣ ва иҷтимоиро мегузаронад, механизмҳои инкишоф ва ҷараёни бемориҳо ва барномаҳои солимии пешгирикунандаро оид ба таъмини саломатӣ ва сифати баланди зиндагӣ дар Тоҷикстонро таҳия менамояд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ


Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо чунин донишгоҳҳо меморандумҳо ба имзо расонидааст:
• Донишгоҳи миллии дорусозӣ (НфаУ) (ш. Харков)
• Донишгоҳи давлатии тиббии Доғистон (ДДТД)
• Донишгоҳи давлатии химия ва дорусозии Санкт-Петербург (Россия)
• Институти федералии Роберт Кох (Берлин)
• Донишгоҳи тиббии Каунас (Литва)
• Донишгоҳи тиббӣ ва дорусозии Пятигорск, филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Волгоград (Россия)
• Донишгоҳи давлатии тиббии Синҷон (Чин)
• Донишгоҳи илмҳои тандурустии Литва (Литва)
• Донишгоҳи давлатии тиббии Караганда (Қазоқистон)
• Академияи давлатии тиббии Нижний Новгород (Нижний Новгород)
• Донишгоҳи тиббии Қазоқистон «ВШОЗ» (Қазоқистон)
• Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур
• Донишгоҳи давлатии тиббии Курск (Россия)
• БРИКС - Кумитаи олимони ҷавон ва донишҷӯён. Ҷамъияти коршиносони ҷавонон (Россия)
• Донишгоҳи тиббии Остона (Қазоқистон)
• Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус
• Донишгоҳи давлатии тиббии педиатрии Санкт-Петербург (Россия)

Руйхати ҳуҷҷатҳо



C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php