Шаҳсиятҳои барҷастаи тибби тоҷик

Шаҳсиятҳои барҷастаи тибби тоҷик

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ МДТ-и «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 15 то 20 марти соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон диор гардид, ки ба ҳаёт ва фаъолияти олимони шинохта – арбобони шоистаи тиб, ки тамоми зиндагии худро бо тандурустии мардум пайвастаанд, бахшида шуд.

Дар кори конференсия донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ва гуруҳҳои кураторӣ иштирок намуданд.

Конференсияро мудири кафедра доктори илмҳои педагогӣ профессор У.Р. Юлдошев ифтитоҳ бахшида, донишҷӯёнро даъват намуд, ки аз ҳаёту фаъолият олимони барҷастаи тибби тоҷик ибрат гирифта, касби худро хуб омӯзанд, дар зиндагӣ, тадқиқотчӣ бошанд.

 Профессор У.Р. Юлдошев қайд намуд, ки кишвари мо 9 сентябри соли 2021 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳуриро ҷашн мегирад. Аз ин лиҳоз конференсия ба олимони шинохтаи тибби тоҷик бахшида шудааст, ки таоми умри худро бо нигаҳдории саломатии инсон пайвастаанд.

У.Р. Юлдошев зикр намуд, ки дар шароити рушди муосири    Тоҷикистон фаҳмиши хусусиятҳои хоси фарҳанги миллӣ, эҳсоси пурраи арзишоти   маънавии халқи худ, бидуни азхудкунии амиқи масъалаҳои таҳсилот, афкори педагогии гузаштагони номумкин аст. Намояндагони он – нависандагон, шоирон, олимони соҳаҳои мухталиф мероси ғании маънавӣ боқӣ гузоштаанд, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии мардум, ба тарбияи насли наврас таъсири калон дорад. Олимон ва муттафакирони барҷастаи замонҳои гузашта, аз таҷрибаи худ асарҳои пурқимат мерос мондаанд. Арбобони тибби гузаштаи начандон дур акидаҳои инсонпарварии гузаштагони худро идома бахшида, фарҳанги маънавии халқи моро боз ҳам ғанитар сохтанд. Инҳо олимони бузурги тиб ба мисли Ғуломов М.Ғ., Исҳоқӣ Ю.Б., Мансуров Ҳ.М., Пулотов А.М., Расулӣ М.Я, Раҳимов Я.А., Тоҷиев К.Т., Усмонов Н.У., Қурбонов К.М., Ҳакимова С.Х., Додҳоева М.В., Гулзода М.К., Қурбонов У.А., Ҳайда́ров К.Х., Нуралиев Ю.Н., Рофиев Ҳ. Қ., Якубова М. М. мебошанд.

Онҳо дорои сифатҳои баланди касбӣ, иродаи қавӣ, нуктасанҷӣ буданд, сӯи мақсади дар пеш истода босуботона ҳаракат мекарданд.

Дар конференсия устодони кафедра: М.Р. Назарова, Ҳ.И. Хайрова, С.А. Ҳотамова, М.А. Холматова, З.И. Шарипова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Алиева Н.Ш. ва дигарон баромад карданд, ки дар маърӯзаҳояшон ҳаёт ва фаъолияти олимони маъруфи тоҷикро равшан намуданд, қайд намуданд ки фаъолияти ин олимон барои ҷавонони имрӯза дарси ибрат шуда метавонанд.   

Хусусан омӯзиши мероси ғании ғоявии онҳо ба тарбия намудани ҳисси худшиносӣ, ватанпарварии донишҷӯён мусоидат менамояд.  

Олимони маъруф, устодони машҳур, арбобони илми тиб – олимони пуртаҷрибаи дорои лаёқати ташкилотчигӣ буда, тамоми умри худро ба хизмат дар роҳи гулгулшукуфии ватани худ, хушбахтии халқи худ бахшидаанд.

Донишҷӯён бо маърӯзаҳои шавқовар оид ба ҳаёт ва фаъолияти олимони бузурги тиб Абӯалӣ-ибни Сино, Абу Бакри Ар- Розӣ, Ю.Б. Исхокӣ, М.Ғ. Ғуломов, Расулӣ М.Я, Раҳимов Я.А., Тоҷиев К.Т., Қурбонов К.М., Усмонов Н.У., Мансуров Ҳ.Х., Нуралиев Ю.Н., Гулзода М.К., Қурбонов У.А., Додхоева М.Ф. ва дигарон баромад карданд.

Инчунин ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони забонҳои англисӣ ва олмонӣ   З.А.Муҳаммадиева, М.А.Қаюмова, Р.Р. Раҷабов, Г.Х.Мирзоева, С.К.Ҳамроева, М.Д.Каримова, Д.М.Наҷмиддинова, Ш.Ю. Мирзоева, Мананова П. бо донишҷӯёни курсҳои 2-м аз 15 то 20 марти соли 2021   бахшида ба олимони машҳури тиб мини конференсияҳо гузарониданд.

Факту рақамҳое ки аз ҳаёт ва фаъолияти арбобони шоистаи тибби тоҷик овардашудаанд, барои донишҷӯён намунаи ибрат буда, онҳоро водор мекунанд, ки дар оянда табибони ҳозиқ, олимони пурмаҳсул шуда ба ҳалқу ватани худ хизмати фидокорона кунанд. 

Омӯзгорони калон  -  Хайрова Ҳ.И., Ҳотамова С.А.

30.03.2021     427

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php