БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ КОР БО ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ КОР  БО ДОНИШҶӮЁН  ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ  ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Аз 1 то 5 марти соли 2021 дар кафедраи забонҳои хориҷӣ бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1 – ва 2-юми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ микрокорференсияҳо дар мавзӯи « Зиддият бо терроризм ва экстремизм» доир гардид, ки дар онҳо устодон бо донишҷӯён дар мавзӯи номбурда маърӯзаҳо карданд, суҳбатҳо оростанд.

Дар охири конференсияҳо фильми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд.

Вазифаи аввалиндараҷаи мактабҳои олӣ омода сохтани мутахассисони баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, аз он ҷумла духтурон, забоншиносон, муҳандисон, омӯзгорон ва ғайра .

Ғайр аз омода сохтани мутахассиси баландихтисос мактаби олӣ бояд шахсияти бомаърифат, худогоҳ , ватандӯст ва инсонпарварро бо воя расонад.

Дар ҷахони имрӯза терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатхои нохуш гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа махсусан дар байни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон

масъалаи раванди хатарнок касб намудани терроризм ва экстремизм ҳамчун мавзӯи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Бинобар ин фош кардани идеологияи терроризм ва шахсияти сарварони он масъалаи муҳимтарини коркарди стратегияи мубориза бар зидди терроризм мебошад. Дар ин асно бояд қайд кард, ки дар аввали моҳи июни соли 2020 тавассути телевизиони миллии Тоҷикистон фильми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки он яке аз беҳтарин мисолҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, фош кардани моҳияти хиёнаткорона ва фурӯхташудаи ташкилоти «Ҳизби таҳрири Ислом»( ҲИТ ) шуморида мешавад.   

Дар филми мазкур далелҳои шайъи ва муҳосибаҳои шоҳидони амалҳои ифродгароиву терроистӣ ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудааст. Аз ин пас мардуми тоҷик дигар ба фитнаҳову шӯру мағалхои онҳо бовар намекунад.

Филм мардумро бо хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Хоҷи Ҳалим , Шарофиддин Гадоев , Муҳаммади Иқболи Садриддин шинос менамояд. Мақсади палидонаи ин гурӯҳҳоро ошкор месозад.

Мо имрӯз дар дохили киштие қарор дорем, ки ронандаи он Роҳбари давлат аст. Мо бояд якҷоягӣ барои ба соҳил расидани киштиамон талош кунем ва муваффақ шавем.Ҷавонони мо имрӯз аз мактаби   роҳбари маҳбубамон Президенти кишвар ибрат гирифта сидқан пайравӣ намоянд, танҳо он вақт мо муваффақ хоҳем шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт мавқеи мактабҳои олиро нишон диҳем.Устодони мактабҳои олӣ вазифадоранд,ки ба ҷавонон моҳияти ин гурӯҳхои ифродгароиро ошкор намоянд , онҳоро дар руҳияи инсонпарварӣ,ватандӯстӣ, саводнокии сиёсӣ тарбия намоянд , кӯшиш кунанд , ки донишҷӯён на танҳо чун мутахассисони баландихтисос, балки чун шаҳрвандони мавқеи сиёсии худро донанда бо воя расанд.

У.Р.Юлдошев, д.и.п., мудири кафедраи забонҳои хориҷи 

 С.А Хотамова, Камолова Р.Р. - омӯзгори калони кафедра,  - омӯзгорони кафедра.

05.03.2021     356

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php