Фаъолияти омӯзишӣ


Корҳои омӯзишӣ
Забонҳои хориҷӣ воситаи муҳимтарини муоширати илмӣ ва тиббии касбӣ ҳисоб ёфта, ҳамчун фанни ҳатмии таълимӣ дар курсҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳо, донишҷӯёни хориҷии курсҳои яку ду ва донишҷӯёни хориҷии (бакалаврҳо) Донишгоҳи тиббӣ таълим дода мешавад.
Мақсади ин курс такмили нутқи русӣ ва хориҷии донишҷӯён дар соҳаҳои гуногуни муошират (иҷтимоӣ,ҷамъиятӣ, касбӣ-таълимӣ, илмӣ) мебошад.
Вазифаи асосии мутахассисони баландихтисос ҷараёни коммуникативию амалии курси таълимиро муайян менамояд, ки ин ташаккул ва инкишофи малакаҳои нутқи шифоҳию хаттӣ, хондан ва навиштани матнҳо (малакаҳои дарки маълумот, конспектнависӣ, навиштани реферат аз рӯи ихтисос бо забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ таҳияи маълумоту маърӯзаҳои илмӣ, иштирок дар мубоҳисаҳо, таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ: ариза, тарҷумаи ҳол, забонхат, ваколатнома ва ғайра) -ро фаро мегирад.
Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълими забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ такмили доимии ҷараёни таълим ва истифодаи дастовардҳои муосири таълим аз вазифаи аввалиндараҷаи кафедра ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти омӯзишӣ - методӣ
Бо мақсади таъмини раванди таълими забонҳои хориҷӣ чунин дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии устодони кафедра бомуваффақият истифода мешаванд:
Барои иҷрои қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз тарафи кормандони кафедраи забони русӣ дар давоми солҳои 2006 – 2019: 36 барномаҳои корӣ ва намунавӣ ва силлабусҳо, 10 китоби дарсӣ. Вазифаи асосии таълими забони русӣ ба донишҷӯён дар ҳамаи давраҳо аз омӯзиши малакаҳои амалии нутқи хаттӣ ва шифоҳии касбӣ иборат аст. Бинобар ин талаботи асосии таълими забонҳои хориҷӣ ба донишҷӯён хориҷӣ ин дарки бошууронаи маводҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи мавҷӯияти кафедра аз тарафм кормандон зиёда аз 286 корҳои илмӣ-методӣ (китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, маrолаҳо) чоп карда шуданд, ки дорои аҳамияти амалӣ буда, дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи факултетҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино истифода бурда мешаванд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php