ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ МАН

Дар кафедраи тибби оилавии №2, бо иштироки гурӯҳи 46-и курси 5-и тиббӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба мавзӯи «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ МАН» гузаронида шуд, ки дар пойгоҳи МД МСШ №12, таҳти роҳбарии ассистент Рахматуллоева З.Р. баргузор гашт.

Дар чорабинии мазкур Нозимов Диловар Абдуҳафизович сухан ронд:

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Тоҷикистон кишвари ҳамешабаҳорест, ки қисми зиёди аҳолии онро тоҷикон ташкил медиҳанд. Маънои вожаи тоҷик гуногун буда, бештар ба маънои тоҷдор мувофиқ меояд.

Ибтидо 14-октябри соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Автономӣ дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфта, соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт. Пойтахти Тоҷикистон шахри Душанбе мебошад. Минбаъд бо дигар шудани авзои сайёра дар ҳаёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Ба бахти мо 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз 1000 сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд.

Мо тоҷикон аз он мефахрем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намудаву дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардонидаанд. Тавре, ки устод Лоиқ Шералӣ мегӯяд:

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,

Бо Рӯдакию бо Хофизи Шерозӣ.

Вақт аст, сари минбари озоди сухан,

Саъдии дигар, Хофизӣ дигар созӣ.

Дигар донишҷӯён низ дар васфи Ватану Ватандорӣ сухан ронда, дар муҳокима фаъол буданд. Дар охир ассистент Рахматуллоева З.Р. ба маърӯзачӣ миннатдории худро баён намуда, ҳозиринро саломативу бурдборӣ таманно кард.

Ассистенти кафедра  -  Раҳматуллоева З.Р.

03.04.2021     691

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php