Ҷашни Наврузи аҷам

Ҷашни Наврузи аҷам

Санаи 18.03.соли 2021 дар поӣгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, воқеъ дар МСШ№15-и ш.Душанбе таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Мукарамова Д.А., дар бораи таҷлил гирифтани иди “Наврӯзи хучастапаӣ” аз тарафи донишҷӯёни бахши 6-уми факултаи педиатрӣ чорабинии хеле ҷолиби фарҳангӣ бо тамоми санъатҳояш баргузор гардид.Толор аз намоиши хунарҳои мардуми намудҳои сӯзаниҳои гулдӯзи ороста шуда ва инчунин хурокҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин дастархони идона ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири кафедра, н.и.т., М.Ҷ. Ёдгорова, дотсентони кафедра н.и.т., Ҷ.И.Иномзода, н.и.т., М.П. Носирова, ординатори клиникии кафедра Хидоятуллои Зебуннисо, донишчӯёни бахши 5-уми гуруҳҳои 50, 52, 54- и факултаи тибби оилавӣ ва инчунин коргарони маркази саломатӣ иштирок намуданд.                                                                                             

Чорабини аз шерхониҳо бахшида ба навруз аз тарафи донишҷӯён Бегова Оӣнисо ва Искандаров Ҷамшед оғоз ёфта, дар бораи таърихи “Наврузи аҷам” ки аз қадимул аӣём аз давраи Хахоманишинҳо (асрҳои 6-4 то карни мо) ва Сосониҳо то замони зардӯштиҳо ҳамчун чашни покизагии руҳ ва оғози ҳаёти нав, бедоршавии табиат, баробаршавии шабу-руз дониста шуда, чунин шуморида мешавад,ки решаи ин ҷашн аз Эрон қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми саршинос Зардушт бастагӣ дорад ва дар китоби Авесто сабт шудааст. Дар моҳи сентябри соли 2009 “Навруз” ба феҳристи осори фарҳангии инсоният Юнеско шомил карда шуд ва дар Маҷмаи 64-уми Анҷумани кули ССМ 21-мартро “Рӯзи байналмиллалии Навруз” эълон карданд гуфта гузашт Барнои Нурмад.

Ҳафтсин, иборат аст аз себ-аломати зебои,сабза-рамзи зиндаги,эҳёи ҳаёт,сирко-дарозумри ва сабру токат,санҷид-меҳру муҳаббати поку бе олоиш,сикка-сарвату дорои,сир-тандурусти ва дур гаштан аз бадбахтии нокоми ва суманак-рамзи фаровонию осудаги,инчунин ҳафтшин бошад аз шакар,шарбат,ширини,шамъ,шона, шир ва шароб буда дар борааш Турғунова Хуршеда маълумот дод.Инчунин дар бораи аз сабза таёр намудани суманакро фаҳмонида дод.

Донишҷӯён саҳначаи ҳаҷви,бадеҳахони ва гулбазм баргузор карданд, ки ин як туҳфаи беҳтарин ба иштирокчиёни чорабини гардид.

Донишҷӯён ва аҳли толорро бо суханон ва шерҳои наврузи дотсентони кафедра ва мудири кафедра табрик намуданд.

20.03.2021     576

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php