Фаъолияти омӯзишӣ


Фаъолияти омӯзишӣ кафедра.
Дар кафедра таълим ба донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и Факултаи тиббӣ, ординаторҳои клиникӣ гузаронида мешавад. Омӯзиш ба донишҷӯён аз рӯи ихтисоси махсус – тибби оилавӣ, тибқи барномаҳои таълимие, ки ба стандартҳои таълимии давлатӣ мувофиқанд, бурда мешавад. Дар кафедра барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯён, магистрҳо, ординаторҳои клиникӣ тайёр гаштаанд. Дар кафедра аз соли 2003 инҷониб санҷиш бо тарзи нави интерактивӣ OSCE қарда мешавад.
Семинар ва лексияҳо дар утоқҳои таълимии ҷиҳозонида шуда бо асбобҳои айёнӣ, ҷадвалҳо, муляжҳо ва технологияи нави муосир, гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ дар утоқҳои духтурони оилавӣ, дар утоқи ЭКГ, рентген, ҷарроҳӣ, захмбандӣ, лабораторияҳо, гузаронида мешаванд. Дар кафедра зиёда аз 80 табибони оилавӣ дар магистратура, ординатураи клиникӣ ва интернатура тайёр шуданд, ки ҳоло дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон кор ва фаъолият менамоянд.
Фаъолияти таълимӣ-методӣ.
Дар компютерҳои кафедра зиёда аз 2000 тестҳо, 150 намуд вариантҳои электронии китобҳои ҳозиразамони дарсӣ оид ба тиббӣ оилавӣ, матни лексияҳо ва дарсҳои амалӣ, презентасияҳо, суратҳои беморон, акси рентгенӣ мавҷуданд. Зиёда аз 23 астурамалҳо доир ба мавзӯъҳои дарсӣ барои донишҷӯён тайёр карда шудаанд. Аввалин бор дар илми тиб китоби дарсӣ аз фанни тибби оилавӣ, муаллиф Қодирова Д.А., соли 2011 ба чоп расид. Дар кафедра мунтазам “дарсҳои кушод”, таҳлили дарсгузаронӣ ва истифодаи маводҳои айёнӣ, интерактивӣ, вориди технологияи нави муосир, гузаронида мешаванд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php