Фаъолияти илмӣ


Дар айни замон дар олам як чанд навъи бемориҳое ба монанди бемории саратон, бемориҳои дилу рагҳо,диабети қанд ва ғ. мавҷудаст. Дар солҳои охир диққати тадқиқотчиёнро бемории диабети қанд ки ба бемориҳои эндокринӣ мансубаст ва дар тамоми дунё хусусан давлатҳои тарақи карда паҳн гаштаст, ҷалб намудааст. Ва кормандони кафедра барои табобати ин бемори ба хулосае омаданд, ки дар асоси маводҳои растаниҳои шифои як чанд навъи шаклҳои доруҳои таъсирбахшро коркард намоянд.
Дар тибби халқӣ як чанд растаниҳои шифобахш, хусусан топинамбур- Helianthus tuberoses L., дар замонҳои пеш маълум буда дар тибби халқи барои бемориҳои диабети қанд, атеросклероз, бемориҳои дилу рагҳо ва ғ, васеъ истифода мешуд. Дар солҳои охир аз ин растанӣ, маводҳои гуногуни фаъоли биологӣ ба даст меоранд.
Дар алоқаманди бо ин, тадқиқоти фитохимиявии бехмеваи топинамбур ва дар асоси он коркард ва тайёр намудани маводҳои доругӣ, масъалаи актуали мебошад.
Мавзуи тадқиқотии мо низ “Стандартикунонии навъҳои гуногуни топинамбури дар Тоҷикистон киштшаванда ва дар асоси он коркард ва истеҳсоли маводҳои табобатӣ” мебошад. Ва аз тарафи кормандони кафедра (мудири кафедра н.и.фарм. Сафарзода Р. Ш.) як чанд навъи усулҳои ба даст ории экстракҳои камоб ва хушк коркард шуда дар асоси он шакли дорувории ғилофак тайёр карда шуд.
Аз тарафи кормандони кафедра хосиятҳои анатомию диагностикии лундамеваи топинамбур омухта шуд. Бо усулҳои физико кимиёви таҳлили фитохимиявии лундамеваи топинамбур аз ҷумла карбогидратҳои паст ва озод, аминокислотаҳо, витамини С, инчунин усулҳои ҳамонандии миқдории полисахаридҳо, сапонинҳо ва моддаҳои даббоғии таркибӣ лунда меваи топинамбур, омухта шуд. Технологияи бадастори экстракти хушкӣ лундамеваи топинамбур коркад карда шуд. Аз ғурушаи экстракти хушки топинамбур, шакли дорувории ғилофак ба даст оварда шуд.
Кафедраи технологияи фарматсевтӣ бо ДМТ, Институти химия ва ботаникаи АИ ҶТ, Донишгоҳи Якумми Тибии Москва ба номи И.М. Сеченов, Академияи фарматсевтии Перм (Россия), Донишгоҳи Тиббии Караганда, Факултети фарматсевтӣ донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи Миллии Фарматсевтии Украина, ва (Ruprecht-Karl-UnversityHeidelberg (Германия), ҳамкории зич дорад.
Дар рафти ҳамкори бо кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва токсикологӣ, усули таҳлилии миқдорию сифатии МФБ коркард карда шуд. Дар ҳамкори бо кафедраи фармакология, таҳлили эксперименталии хосияти гипогликемии лундамеваи топинамбур гузаронида шуд. Дар ҳамкори бо кафедраи биохимия, таҳлили эксперименталии хуни ҳайвонҳои экспериментали барои аниқ намудани дараҷаи глюкоза, бо усули сентрифугӣ, гузаронида шуд. Дар ҳамкори бо кафедраи фармакогнозия, таҳлили макро ва микроскопии растаниҳои шифои, хусусан таҳлили фитохимиявии Исопи Заравшони, Топинамбур, тахачи тунд ва ғ. гузаронида шуд.
Дар ҳамкори бо ДМТ, таркиби кимиёвии растании тахач омухта шуд. Дар ҳамкори бо Донишгоҳи Якумми Тибии Москва ба номи И.М. Сеченов, аз экстракти хушки лундаи топинамбур ғуруша ва аз он шакли доругии ғилофак коркард ва бадаст оварда шуд. Дар ҳамкори бо Донишгоҳи Миллии Фарматсевтии Украина, технологияи ба дастории равғани эфирии исопи зарафшони коркард карда шуда, дар асоси он шаклҳои дорувории мулоим ба даст оварда шуд. Дар ҳамкори бо Донишгоҳи Тиббии Караганда, экстрактҳои хушк коркард карда шуд. Дар ҳамкори бо Академияи фарматсевтии Перм (Россия) хокаи бентонити тоза ва ба даст оварда шуд.
Натиҷаи корҳои асосии тадқиқоти илмии кормандони кафедра дар конфронси ҳамасолаи илмию амалии МДТ ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино; конфронси илмии олимони ҷавон ва донишҷуён дар сатҳи байналмилали; дар маҷаллаи тақризии КОА ҶТ; маҷаллаи тақризии КОА ФР; ва дигар маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ, чоп мегарданд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php