Фаъолияти омӯзишӣ


Дар кафедра, ҳамасола дастурҳои методӣ бо забони давлатӣ ва русӣ барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ, аз чоп мебарояд. Дар давоми солҳои хониши 2019-20 низ ин дастурҳо бо модули кредитӣ тартиб додашуда, барои донишҷӯёни факултет, бо забони даватӣ ва русӣ аз чоп баромаданд.
Дар ин дастурҳо барои кори мустақилонаи донишҷӯён ҷойи махсусе гузошта шудааст, ки донишҷӯ метавонад, дар он ҷо фикри худро оид ба мавзӯъ қайд намояд. Инчунин, дар дастурҳои методӣ иҷрои корҳои амалӣ, дода шудааст. Дар ҳар як кори амалие, ки аз тарафи омӯзгор бо донишҷӯён гузаронида мешавад, натиҷа ва хулосаи кор қайд карда мешавад.
Дар дастури методӣ, оид ба ҳар як мавзӯъ ва дарсҳои ҷамъбастӣ, саволҳои санҷишӣ дода шудааст.
Вазифаи асосии кафедра ба донишҷӯён омӯзонидани асоси техналогияи дорусозӣ ва аз худ намудани корҳои амалӣ буда, дар кафедра дарс аз рӯи барномаи тасдиқшуда гузаронида мешавад.
Дар кафедра донишҷӯёни курси 3, 4 ва 5-ми факултаи фарматсевтӣ бо ду забон–тоҷикӣ ва русӣ дарс меомӯзанд.
Барои пурмаҳсул гардонидани ҷараёни хониш дар дарсҳо як қатор тағйиротҳо (тести санҷишӣ барои муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён, ва ҳал намудани масъалаҳои ситуатсионӣ) илова карда шуд. Барои чунин ҷараёни таълим зиёда аз 1000 саволҳои тестӣ тайёр шудааст.
Аз соли хониши 2016 дар факултети фарматсевтӣ дарсҳо батаври системаи модули кредитӣ гузаронда мешаванд.
Боистифода аз системаи модули кредитӣ як қатор масъалаҳоро ҳал намудан, ба дониши донишҷӯён баҳои объективӣ додан, аз ҳисоби корҳои мустақилонаи донишҷӯён рафти дарсҳоро фаъол намудан, фаъолияти донишҷӯёнро баланд бардоштан мумкин аст. Ҳамчунин, пешакӣ доир ба хулосаҳои дарсҳои гузашта маълумот додан, донишҷӯёнро бо фаннио мӯзишӣ ҳавасманд намудан, онҳоро ба маҳфили МИД ҷалб намудан лозим аст. Ҳангоми таҳлили дарс ва гузаронидани кори мустақилонаи донишҷӯ ба чунин чизҳо баҳо дода мешавад:
- натиҷаи ҷавоби даҳонӣ ҳангоми дида баромадани мавзӯъ;
- натиҷаи корҳои лабораторӣ
- натиҷаи санҷиши тести донишҷӯён дар мавзӯи дарси амалӣ.
Аз рӯи ҷавоб ба қисмҳои гуногуни дарс баҳои миёнаи донишҷӯ муайян карда мешавад ва ин баҳо ба дафтари гурӯҳ гузаронида мешавад.
Тибқи низоми модули кредитӣ, ҳавасмандии донишҷӯён дар ҷараёни дарс зиёдгашта, барои гирифтани баҳои хубу аъло ва баланд намудани дараҷаи дарс азхудкунӣ кӯшиш менамоянд. Низоми модули кредитӣ донишҷӯро водор менамояд, ки бадарсҳо поквиҷдонона тайёршуда, барномаи таълимиро аз худ намоянд.
Машғулиятҳои амалӣ ва лабораториро устодони кафедра барои ҳамаи донишҷӯёни факултет, бо забони давлатӣ ва русӣ аз рӯи дастурҳои методӣ мегузаранд.
Тайи солҳои 2012 – 2020 аз тарафи устодони кафедра як чанд дастурҳои методӣ ва курси лексия аз фанни техналогияи дорусозӣ, биотехнология, биофарматсия ва стандартизатсияи маводҳои доруворӣ, бо забони давлатӣ ва русӣ нашр гардиданд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php