Содиқи ватани хеш

Содиқи ватани хеш

Дар МТИК «Стоматология» кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ дотсент Тохтаходжаева С.Т., сардори шӯъбаи итилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А., устодон ва донишҷӯёни курси 2-юми факултети стоматологӣ гурӯҳҳои 6,7,8 гузориши мустақими телевизионӣ аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда шуд. Баъди ба итмом расидани маросими савгандёдкунӣ мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ дотсент Тохтаходжаева С.Т. аз хизматҳои шоиста ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда афзуд: “имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари давлат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагии сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин давраи мушкил ва ҳассос тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздошт ва иқтисодиёти кишварро ба эътидол оваранд”.

Дар охири нишаст таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди бонангу ори Ватан вазифадор аст пеш аз ҳама, намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ доштаву мардуми кишвар ва љавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намояд. Пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирад. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад! 

         Асисстенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С. А.

02.11.2020     505

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php