Мизи мудаввар

Мизи мудаввар

 Имрӯз дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам бо иштироки устодони кафедра н.и.т., дотсент Тохтаходжаева С.Т., сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А., ассистенти кафедра Ёраков Ф.М. ва донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 5-ум мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Тохтаходжаева С.Т. пас аз суханони ифтитоҳӣ ҳозиринро бо Рӯзи Парчам табрик намуда, афзуд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо фармони худ 24-ноябрро рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд ва боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардидааст. Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд.  Муҳимтар аз он, халқи тоҷик дар фазои ором озоду обод зиндагӣ доранд ва хушбахтона,  имрӯз идро болои ид ҷашн мегиранд. Давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шоиста мо аз Ватани худ -  Тоҷикистони азиз ифтихор дорем.”

Дар фароварди ҷаласа Саодат Туполоновна  аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то зиракии сиёсӣро аз даст надиҳанд, муқаддасоти миллиро эҳтиром намоянд,  бо дониши хубу аъло  намунавӣ бошанд ва  баҳри ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

Таибов С.А. – муаллими калони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ.

24.11.2020     468

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php