«Хиёнат» филми ҳуҷатӣ

«Хиёнат» филми ҳуҷатӣ

Кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ: мудири кафедра н.и.т. Тохтаходжаева С.Т., н.и.т. Ёраков Ф.М., н.и.т. Одинаев И.С., ассистентон Таибов С.А., Уманова Н.Э., Хакимова З.С., Тағоева Ш.О. мувофиқи супориши ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курси 5-уми гурӯҳи 8–уми факултети стоматологӣ қисми 2-юм ва 3-юми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо карданд.

Пас, аз ба поён расидани филм устодон н.и.т. Тохтаходжаева С.Т., н.и.т. Ёраков Ф.М., ассистент Таибов С.А. ва донишҷӯ Худойдодов М. фикру андешаҳои худро нисбати мазмуни филм баён намудаанд.

Донишҷӯёни азиз, Шумо аз тамошои филми «Хиёнат» дарк намудед, ки ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки ба оромии ҷомеаи мо ҳалал мерасонанд. Мо ҳамавақт бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва кӯшиш намоем барои гулгулшукуфоии диёрамон саҳми беандозаи худро гузорем. Баҳри ободии диёри биҳиштосоямон саъю кӯшиш намоем. Ҳар кадоме мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр ҳастем.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, мо бояд ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасему онро пос бидорем. Нагузорем ки ягон шахси нохалаф бо хоҷагони бурунмарзӣ дигарбора Ватани азизи моро ноором созанд. Мо устодон аз донишҷӯён хоҳиши онро дорем, ки ба халқу Ватани худ содиқ бошанд, ҳар як порчаи замини диёри хешро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва доимо дар талоши илму дониш бошанд.

Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷаҷӣ, н.и.т., дотсент  -  Тохтаходжаева С.Т.

Мутассади оид ба тарбия ассистент  -  Хакимова З.С.

11.03.2021     452

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php