ХИЁНАТ БА ВАТАН - ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ

ХИЁНАТ БА ВАТАН - ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ

Дар санаи  2-юми марти соли 2021 ассистентони  кафедраи стоматология муолиҷавӣ дар  якҷоягӣ бо  донишҷӯёни  курси 5 –ум дар тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» иштирок намуданд. Пас, аз ба поён расидани  филм устодон ва донишҷӯён фикру андешаҳои худро нисбати мазмуни филм баён намудаанд.

Донишҷӯёни азиз! Шумо зимни тамошои филми «Хиёнат» дарк намудед, ки ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки ба оромии ҷомеаи мо ҳалал мерасонанд. Мо бояд ҳамеша ҳушёр буда, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва барои гулгулшукуфоии диёрамон саҳми босазои худро гузорем. Баҳри ободии кишвари биҳиштосоямон саъю кӯшиш намоем. Ҳар кадоми мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бояд бирасем ва онро пос дорем ва нагузорем, ки нохалафе бо хоҷагони берунмарзӣ дигарбора Ватани моро ноором созад.

Мо устодон аз донишҷӯён хоҳиши онро дорем, ки ба халқу Ватани худ содиқ бошанд, ҳар як порчаи замини диёри хешро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва доимо дар хондани китобҳо  ва андӯхтани илм кӯшиш ба харҷ дода бошанд.

Ватани худро дӯст доред!

Кафедраи стоматология муолиҷавӣ


04.03.2021     384

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php