Гӯш кун тавсияи тиб – бикӯш баҳри наҷот

Гӯш кун тавсияи тиб – бикӯш баҳри наҷот

Дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки устодони кафедра, донишҷӯёни гуруҳи 4-уми факултаи стоматологӣ ва сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С. А. дар мавзӯи “Амалҳо баҳри наҷот аз COVID-19” мизи мудаввар баргузор гардид.

Донишҷӯи курси 2-юми факултаи стоматологӣ Расулов Бахтовар баромад намуда, дар бораи амалҳои пешгирӣ аз ин вабои аср маълумоти муфассал дод. Номбурда ҳамчунин тавсияҳои табибонро баҳри пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ба ҳозирин ёдрас намуда, таъкид кард: “Вируси нав бо номи COVID-19 зимни таҳқиқоти олимони варзидаи ҷаҳон,ки тавассути ҳаво аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад қарор гирифтааст. Дар ин масъала аз ҷониби табибон барои пешгирии вируси мазкур тавсияҳои зиёд пешниҳод шудаанд. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, макони дарсомӯзӣ, нақлиёт ва ҳар гуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намудан барои ҳар як шахс зарур аст. Ниқоб моро аз вирус як қадар нигоҳ медорад, агар сироят ёбем ҳам ба миқдори хело кам. Агар бемор бошем, пас бо ниқоб бо миқдори ками вирус дигарҳоро сироят менамоем. Бинобар ин, мо бояд, ҳатман, гигиенаи шахсию иҷтимоиро риоя намоем. Дастонро бо собун зуд-зуд бишӯем,даст ба чашму суратамон назанем. Бо худ маҳлули антисептикӣ дошта бошем, то дар ҳолати аз манбаи обу собун дур будан дастони худро безарар гардонем. Аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намуда, то ҳадди имкон аз сафар кардан ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоем. Нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро набояд фаромӯш кард. Ҳарчи зиёдтар нӯшидани оби ҷӯш низ ба фоидаи мост. Нафароне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо мегарданд, бояд сари вақт ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.

Ногуфта намонад, ки тарсу ҳаросро дар худ роҳ додан, метавонад боиси пастшавии системаи иммунии бадан гардад. Аз ин рӯ аз ин беморӣ тарсидан лозим нест. Қоидаҳои бехатариву пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро риоя намудан вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мост.

Мо ҷавононро имрӯз зарур аст, ки тамоми қоидаҳои пешгирии паҳншавии ин вабои асрро риоя карда, бетарафӣ зоҳир нанамоем. Ҳамчун табибони оянда ҷиҳати риоя ва иҷрои дастурҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ дар ҷомеа саҳмгузор бошем.”

 Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ  -  Валиев Ш.

07.12.2020     359

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php