16-ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар санаи 16-уми ноябри соли 2020 аз ҷониби ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо донишҷӯёни курси 2-юми гурӯҳҳои 3,4,5-ум, дар мавзӯъи «16-ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тарбияви гузаронида шуд. Сафаралиев Некрӯз доир ба ин мавзӯъ маърӯза омода сохта, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар оромиву суботи кишвар, пешравии давлат баромад кард.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомали Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Донишҷӯён дар доираи ин мавзӯъ фаъолона иштирок карда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.

Кафедраи Стоматологияи муолиҷавӣ

16.11.2020     420

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php