Пойгоҳи кафедра.


Соли 2007 пойгоҳи клиникии факултет Маркази таълимию клиникии «Стоматология» ташкил карда шуд, ки муҳимтарин марҳалаи рушди педагогию амалии кафедра ба ҳисоб меравад. Пойгоҳи аз ҷиҳати техникӣ ба таври хеле олӣ муҷаҳҳази клиникие, ки ҳамаи кафедраҳои тахассусиро тақрибан муттаҳид сохт, ба раванди созмондиҳии омӯзиши донишҷӯён осонӣ бахшида, пайдарпайии андеша, таҷриба ва усули таълимро таъмин намуд, ҳамчунин ба фаъолияти тавъам сохтани назария ва амалия такони ҷиддие расонид.
Дар МТК «Стоматология» аз тарафи кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ корҳои тадқиқотӣ, ташхис, табобат ва пешгирии кариеси дандон ва оризаҳои он, бемориҳои ғайрикариесии бофтаҳои сахти дандон, пародонт ва пардаи луобии даҳон гузаронида мешавад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php