Рузи Президент

Рузи Президент

Санаи 21 .11.2020 дар кафедраи стоматологияи кудакона ва ортодонтия соати тарбияви дар курси 2, гуруххои 7 ва 8 оиди "Рузи Президент "гузаронида шуд.

Дар аввал ассисенти кафедра Дабилова Н.М донишчуенро ба ин руз табрик намуда ва баъдан дар васфи президент ин маколаро ба донишчуён накл карданд.

Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фарохам оварда шуд. Маҳз тавассути талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод. Бо назардошти хамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

Ҳамчунин Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.

21.11.2020     566

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php