КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ



Дар донишгоҳ таълими рентгенология ҳамчун курси мустақил аз с.1942 дар кафедраи пропедевтикаи бемориҳои дарунӣ дарс дода мешуд.

Бо донишҷӯён профессорон Михайловский Б. Г.(1942 – 43), рентгенологҳо Юхно (1942 – 51), Поликарпова Т. Н. (1951 – 53), Шлимович Б. А. (1953 – 57) машѓулият мегузаронданд.

Соли 1957 курси рентгенология ба кафедраи рентгенология ва радиология табдил дода шуда, онро профессор Г.М. Сагателян (1957-1964) роҳбарӣ кард.

Аз соли 1964 то 1971 кафедраро профессор Л. Б.Наумов роҳбарӣ мекард, ки дар ташкил, ташаккул ва таҷҳизотонидани он саҳми калон гузоштааст.

Солҳои 1968 то 1988 кафедраро доктори илми тиб, профессор Б.Н.Муҳитдинов роҳбарӣ намудааст.

МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович (тав. 16. 12. 1924, зодаи ш.Бухоро), рентгенолог, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1970), мудири сеюми кафедраи рентгенология ва радиологияи ДДТТ (1970-1988), Аълочии тандурустии ИҶШС. Таълифоти Муҳиддинов Б.Н. асосан ба балнеология ва масъалаҳои истифодаи изотопҳои радиоактивӣ дар ташхиси бемориҳо бахшида шудаанд. Таъсири оби маъдании осоишгоҳи Хоҷаобигармро ба рӯда ва талхадон омӯхт; имкониятҳои истифодаи фосфори радиоактив (32Р)-ро барои ташхиси бармаҳали бемории ѓадудҳо ва рӯдаи рост муайян кард; оид ба масъалаҳои комплексии ташхиси ренгению радиологии варами саратон тадқиқот гузаронд.

Солҳои баъдӣ рентгенологияи интервенсионӣ (мудохилавӣ) дар клиникаҳои ш. Душанбе, алалхусус дар Маркази ҷумҳуриявии онкологӣ (ҳоло Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявӣ илмӣ саратоншиносӣ»)   минбаъд- МД»МҶИС») ба роҳ монда шуд. Кафедра дар шӯъбаи ташхиси рентгенӣ ва радиоизотопии Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (ҳозира МД «МҶИС) ҷойгир буд. Барои фаъолияти он синфхонаҳо, утоқҳои ташхиси рентгенӣ, дастгоҳҳои ҳозиразамони рентгенӣ (EDR750 В) вуҷуд доштанд. Дар кафедра бо донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми факултаҳои тиббӣ, стоматология ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ семинарҳо ва машѓулиятҳои амалӣ гузаронида мешуданд.

Моҳи июни с. 1998 кафедраи рентгенология ва радиология «Кафедраи «Ташхиси шуоъӣ ва шуоъшифоӣ» номгузорӣ карда шуда, роҳбарии ба кафедра ба дӯши Холиқов Т.Х. гузошта шуд.

ХОЛИҚОВ Тоҷӣ Холиқович (расми 2) (20. 10. 1941, зодаи деҳаи Кӯчкаки ноҳ. Конибодом – 17. 01. 1990, Душанбе), рентгенолог, доктори илмҳои тиб (1979), проф. (1989). Хатмкардаи ДДТТ (1964), фаъолият дар ординатура (1964 – 69). Ходими илмӣ, ҷонишини директори Институти гастроэнтерологияи АФ ҶТ (1969 –1972). Баъд вазифаи мудири шӯъбаи рентгенология ва радиологияи ҳамин институтро солҳои 1972 – 1983иҷро намудааст. Ҳамзамон муаллими калон (аз 1983) ва аз с.1988 то 1990 роҳбари кафедраи ташхиси шуоъӣ ва шуоъшифоӣ буд.

        Холиқов Т.Х. ҳамроҳи устодони кафедра усули нави катетеризатсияи ҷузъии перитонеографияи контрастиро пешниҳод ва дар амал тадбиқ намуд. Муаллифи зиёда аз 125 асару мақолаҳои илмӣ, 15 таклифи навоварӣ, 5 таклифи методӣ мебошад. Тадқиқоти ӯ дар мавзӯи мукаммал намудани ташхиси бемории узвҳои ҳозима ва таҳлили рентгенологии рагҳо буданд.

Дар оянда роҳбарии кафедраро Шлимов Б.А. солҳои 1990-1993 ва Савин А. А. 1993 -1994 амалӣ карданд. Таҳти роҳбарии онҳо ба омӯзиши нақши усулҳои инвазивии тадқиқоти рентгенӣ, аз ҷумла ангиография, ҳангоми ошкор кардани бемориҳои системаи пешоб, Аз ҷумла дар кӯдакон (Д.Н.Аникеев), холангиохолецистографияи ҷигар ҳангоми ташхиси осеби ҷигар ва ғадуди меъда (З. И. М. И. Максумова), ташхиси рентгенограммавии пиелонефрити калкулезӣ дар асоси моделҳои математикӣ диққати махсус дода мешавад (Алексеев), инчунин аҳамияти ташхисии бари баландсифат ҳангоми бемориҳои роҳи ҳозима(Г.А. Ашурова).

Солҳои 1994-1995 кафедраро д.и.т. Шукуров Баҳодур Мақсудович, роҳбарии намудааст.

Шукуров Баҳодур Мақсудович- (тав. 04. 04. 1959, ш. Душанбе), ҷарроҳи эндоваскулярӣ, доктори илмҳои тиб (1997), духтури рентгеноҷарроҳии кабинети ангиографии Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5 (1988 – 1990), ассистенти кафедраи рентгенология ва радиологияи тиббии ДДТТ (1990 – 1993), и. в. мудир (1993 – 94) ва мудири ҳамин кафедра (1994 – 1995). Дар мавзӯи «Баҳодиҳии натиҷаҳои ҷарроҳии иллатҳои модарзоди дил аз рӯи маълумоти тадиқотҳои ҷарроҳии рентгенӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ангиопластикаи вибромеханикӣ ҳангоми табобати бемориҳои русткунандаи шараёнҳои андомҳои поён» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 220 таълифоти илмист, ки ба масоили ҷарроҳии андарунпардаи рагҳо бахшида шудаанд. Узви раёсати Ҷамъияти илмии кардиоангиологҳо, узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу рагҳои Россия (бахши ҷарроҳони эндоваскулярӣ). Феълан мудири шӯъбаи ҷарроҳии рентгено-эндоваскулярӣ ва ангиографии Маркази клиникии кардиологии вил. Волгоград ва профессори кафедраи ҷарроҳии факултетӣ бо курси ҷарроҳии эндоскопии Донишгоҳи давлатии тиббии Волгоград мебошад.

Аз с.1996 роҳбарии кафедра бо Қарори Шурои олимони донишгоҳ ба зиммаи н.и.т. Шарифов Ваҳоб гузошта шуд.

Шарифов В.Ш. (тав. 01. 01. 1954, деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳ. Хуҷанд, ҳоло Бобоҷон Ѓафурови вил. Суѓд), рентгенолог, духтури рентгенологи тахассуси дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб (1987). Солҳои (1984 – 1988) ассистенти кафедраи рентгенология ва радиологияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва мудири шӯъбаи рентгенорадиологияи Ин-ти гастрэнтерологияи АИ ҶТ (1988 – 96). Аз с. 1996 мудири кафедраи рентгенология ва радиологияи тиббии ва аз с.2018 то ҳозир дотсенти кафедраи «Рентгенология ва радиология» -и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Шарифов В. мутахассиси варзидаи соҳаи рентгенология мебошад. Дар, мавзӯи «Лимфодуктография ва гепатолимфография ҳангоми бемориҳои музмини дифузии ҷигар» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 3 тавсияи методӣ ва 2 пешниҳоди навоварона. Сармутахасиси соҳаи рентгенологияи ҶТ (аз 1994). Барои муассисаҳои табобатӣ зиёда аз 150 духтури рентгенолог тайёр кардааст. Аз с 2002 раиси Ҷамъияти ташхисгарони шуоъии ҶТ. Дар семинару конфронсҳои доирнамудаи Агентӣ оид ба амнияти ҳаставӣ ва радиатсионии ҶТ мунтазам ширкат меварзад. Соли 2005 дар Ҷаласаи минтақавии мамолики Аврупои Шарқӣ оид ба масъалаи ҳифзи радиатсионии аҳолӣ ҳангоми истифодаи усулҳои таҳқиқи ионноккунанда дар тиб (ш. Венаи Австрия) иштирок ва суханронӣ кардааст. Роҳбари барномаи «Ташкили маркази миллии таълимӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2011».

Аз соли 1955 то имрӯз олимони Тоҷикистон 24 (21 рисолаи номзади илми тиб ва 3 рисолаи доктори илми тиб) рисолаҳои илмӣ оид ба рентгенология, радиология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ ва аз онҳо 6 (40%) дар Солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда шуданд ва ин рӯйхати пурраи корҳо нест.

Дар асоси қарори Шӯрои олимони МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз 28 августи с.2018 кафедраи онкология бо кафедраи ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ муттаҳид карда шуд.

Мувофиқи қарори Шȳрои олимони донишгоҳ аз 28 августи с.2018 кафедраи онкология бо кафедраи ташхиси шуоӣ ва табобати шуоӣ мутаҳид карда шуда: «Кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ» номгузорӣ шудааст.

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва таълим дар асоси қарори Шӯрои олимони МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино" аз 30 майи с.2024, протоколи №10 ҷудо кардани кафедраҳои онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ ба 2 кафедраи мустақил ва тасдиқи номи кафедраҳои "Кафедраи онкология" ва "Кафедраи рентгенология ва радиология", қарор қабул карда шуд.

Бо қарори комиссияи озмунӣ ва Шӯрои олимон дотсенти кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ Сайфиддинзода Мунфиза Бурҳонӣ мудири кафедраи рентгенология ва радиология, таъин карда шуд.

Сайфиддинзода Мунфизаи Бурҳонӣ номзади илмҳои тиб (2017), дотсент (2023), лауреати ҷоизаи "Олими Ҷавони сол" (2017), Аълочии тандурустии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 04.09.2020, Ѓолиби озмунҳо :№2050, медали тилло (1) KIWIE-2023 (Кореяи Ҷанубӣ); медали тилло (2) Kiwie-2023 (Кореяи ҷанубӣ);медали нуқраи KIWIE-2023 (Кореяи ҷанубӣ); Дипломи «Беҳтарин ихтироъкор» дар Индонезия-2023, ДИПЛОМИ «БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОР-2023»; Дипломи «Беҳтарин муаллим», Дипломи дараҷаи 1 дар шаҳри Остона, Дипломи озмуни «Беҳтарин кори илмӣ, 2023, ш. ОСТОНА ва ѓ.мебошад.

Мунфизаи Бурҳонӣ муаллифи зиеда аз 250 нашрия: монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, фарҳангҳо, 17 ихтироот ва пешниҳодҳо оид ба рационализатсия ва муаллифи мақолаҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.



Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php