Ҷаҳон бе нашамандӣ ва ВИЧ/СПИД

Ҷаҳон бе нашамандӣ ва ВИЧ/СПИД

Якуми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мебошад. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттаҳиди СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан панҷоҳ фоизашро ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн. нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 млн. нафар ба ҳалокат расиданд.

Бо мақсади иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он шурӯъ аз соли 1996 ҳамаи давлатҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ин рӯзро бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию машваратӣ таҷлил менамоянд.

Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор Ғуломов М. Ғ. санаи 1 декабри соли 2020 бо донишҷӯёни курси 5 факултаи педиатрӣ гурӯҳи 1 чорабинии иттилоотӣ - тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҷаҳон бе нашамандӣ ва ВИЧ/СПИД” гузаронида шуд. Ташкилкунанда ва маърӯзагар ассистенти кафедра В. Б. Ҳакимов ва донишҷӯ Азимӣ Маҳфузуллоҳ. Дар чорабини ассистенти кафедра Тағоев А. А., иштирок кард.

ВИЧ (Вируси норасоии масъунияти бадан) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштан вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунонад. ВИЧ – бе восита ба ҳуҷайраҳои системаи худмуҳофизатӣ (имунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи имунии организмро хароб карда, вайро аз қобилияти табии худмуҳофизат маҳрум месозад.   

Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри гузашта маълум аст.

ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки ба гурӯҳи хатар таалуқ доранд, бештар дида мешавад. Инҳо бештар нашъамандонанд, ки героинро тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону модаронеанд, ки даст ба фоҳишаги мезананд, бо афроди зиёд ҳамхобагӣ мекунанд.

Мувофиқи омори Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон аксарияти шаҳрвандон ё зиёда аз 70 фисади гирифторони вируси норасоии масъунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва дигар гирифторшудагон аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои гирифтори ин вирус шудаанд.

Моҳи сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 63-уми Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Америка бо таҳлилу баррасии дурбинонаи вазъи мушкилоти ҷаҳонӣ ва пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД – ро дорои аҳамияти бузург номида, ҷомеаи ҷаҳониро дар ин ҷода ба муттаҳидӣ даъват карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷодаи пешгирии ВНМО тадбирҳои зарурӣ андешида, татбиқи барномаҳои давлатиро дар ин самт идома доданд. 

Мудири кафедраи психиатрия ва

психологияи тиббии ба номи проф.

М. Ғ. Ғуломов д.и.т., проф.  -  Н. М. Шарапова

Мутассадӣ оид ба тарбия  -  Ш. С. Маҳмадназаров

01.12.2020     1047

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php