Фаъолияти омӯзишӣ


Фанни психиатрия дар курси 5 факултети педиатрӣ ва тиббӣ, дар курси 5 факултети тиббӣ, ки донишчуён тибки барномаи бакалаврият мехонанд, дар курси 6 факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, дар курси 4 факултети стоматологӣ ба се забон таълим дода мешавад.
Вазифаҳои асосии кафедра дар самти таълим:
А).Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва такмили мунтаззами ҷараёни таълим бо асоси дастовардҳои тоза дар заминаи усулҳои муосиру таҷрибаи пешқадам.
Б).Ба донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, нигахдории тандурустии ҷамъмияти, стоматологӣ омузонидани усулҳои ташхис, ошкор намудани беморони рӯҳӣ, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.
В).Омӯзонидани донишчуён ба маҳорату малакаҳое, ки дар фаъолияти минбаъдаи табобатияшон зарур аст.
Ғ).Диққати махсус ба фаҳмондани вазифаи психиатр бо назардошти хусусиятҳои маҳалии аҳолӣ бояд дода шавад ва шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои қонунгузори дар соҳаи психиатрия ва наркология.
Кафедра фаъолояти таълимию методии худро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимӣ ба рох мондааст. Дар 5 соли охир барои ташкил ва беҳтар намудани ҷараёни таълим дар асоси тағйиру иловаҳои ислоҳоти маълумоти олии тиббӣ ва фармасевтӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар кафедра корҳои методӣ ва дастурҳои таълимӣ ба се забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ чоп карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 китоби дарсӣ ба забони давлатӣ ва 16 дастури таълимӣ-методи мутобиқи барномаҳо аз чоп баромадаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php