Тамошои маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи онкология ва ташхиси шӯоӣ

Тамошои маросими савгандёдкунии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи онкология ва ташхиси шӯоӣ

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳарду палатаи парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилояҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки онро дар кафедраи онкология ва ташхиси шӯоӣ панҷ гурӯҳи донишҷӯёни курси 4-юми факултаи тиббӣ бо иштироки мудири кафедра д.и.т. Юлдошев Р.З. ва устудони кафедра дар толори лексионӣ бо як ҳиси баланди ватандӯстӣ тамошо намуданд. Ин маросим яке аз маросимҳои муҳимми сиёсии кишвар ба ҳисоб рафта, тамошои он аз чанд ҷиҳат аҳамиятнок аст.

Бояд гуфт, ки қабл аз оғози маросим дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ иҷлосияи навбатии муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, сипас вакилон ба маҷмааи “Кохи Сомон” роҳсипор гардиданд.

Маросими савгандёдкунии президент нахуст дар қароргоҳи ҳукумати кишвар дар маҷмааи “Кохи Сомон” ва сипас дар Кохи миллат сурат гирифт.

Дар “Кохи Сомон” сарвари давлат ҷиҳати садоқат ба Конститутсия ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карда, дар Кохи миллат ба ӯ рамзҳои президентӣ - ливо ва шаҳодатнома супурда шуд.

Пас аз ин дар майдони марказии пойтахт ба ифтихори маросими савгандёдкунии президент гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барпо шуд.

Ёдовар мешавем, ки кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ намоиши маросими савгандёдкунии сарвари давлатро дастаҷамъона тариқи телевизион дар толори маҷлисгоҳҳо тамошо намуданд.

Кафедраи онкология ва ташхиси шӯоӣ

03.11.2020     423

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php