Паём навиде аз фардои дурахшон

Паём навиде аз фардои дурахшон Дар кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ як қатор устодони кафедра ва як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» буд, бо ҳисси баланди миллӣ тамошо намуданд. Бояд гуфт, ки паёми мазкур кулли мавзӯҳои имрӯзаро аз қабили ҳамагирии пандемия, вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳолати иқтисодии кишвар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, стратегияи ояндаи рушди соҳаҳо ва ғайраро дар бар мегирифт. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустии кишвар диққати махсус дода шуда, умдатарин самтҳои он баррасӣ ва ташреҳ гардид. Аз ҷумла дар паём доир ба соҳаи тандурустии кишвар гуфта шуд, ки: “Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд”. Ҳамчунин дар соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати ҶТ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад. Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон дар пешбурди Тоҷикистон ба халқи азизи ватанамон, аз ҷумла ҷавонон такя намуда, дар ин бора чунин андеша баён намуданд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.
27.01.2021     343

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php