Баргузории викторина дар кафедра

Баргузории викторина дар кафедра

Ҳафтаи гузашта кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ таҳти сарпарастии мудири кафедра дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳимми гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон” бо иштироки ординаторони клиника, интернаҳо ва табибони ҷавони Маркази Саратоншиносии ҷумҳуриявӣ викторина баргузор намуд. Дар викторинаи мазкур устодони кафедра дар мавзӯҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла пайдоиши беморӣ, роҳҳои табобати он, ҳолати имрӯзаи беморӣ дар кишвар, роҳҳои табобати муосир ва ғайра мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ байни устодон ва кормандону табибони ҷавон мубодилаи афкор сурат гирифт.

08.02.2021     345

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php