Бардошт аз Паём

Бардошт аз Паём

Дар кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ рӯзи 1-уми феврал нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» буд, аз ҷониби устодон ва кормандони кафедра муҳокима гардид.

Дар ин нишаст тамоми устодон ва кормандони кафедра иштирок намуда, оиди Паёми мазкур, ки воқеан, ҳарфҳои муҳимму гуфторҳои ҷолиб дошт андешаронӣ намуданд. Қоибили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар бораи соҳаи тибби кишвар ва самтҳои он дар суханронии хеш бисёр нуктаҳои ҷилибро ироа намуданд.

Бояд гуфт, мақсади асосии муҳокимаи паём ва суханронӣ атрофи он дар кафедра аз он иборат буд, ки кормандон ва устодони кафедра бояд дар кори ояндаи худ аз таъкидҳои он ҳамеша истифода намуда, нуктаҳои ҷолиби онро, ки барои тамоми табибони кишвар низ муҳим мебошад, фаромӯш накунанд.

01.02.2021     498

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php