Семинар «Муоширати хуб-ними табобат»

Семинар «Муоширати хуб-ними табобат»

Санаи 25.11.2020 сол бо донишҷӯёни курси 2, гуруҳҳои куратории 3, 4-и факултаи тиббӣ-профилактикӣ дар кафедраи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб тибқи нақшаи мавзуъҳо барои дарсҳои куратори аз тарафи шуъбаи тарбия дасти гардида таҳти мавзӯъи «Муоширати хуб-ними табобат» гузаронида шуд. Дар семинар иштирок намуданд: Саркуратори кафедра оид ба корҳои тарбиявӣ Шарифзода Ф.Ҷ., Кураторон: Саидова С.Н., Юсуфзода П.А.,Мамадаминов О.Н., ва магистрон.

Семинаро саркуратори кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки сухани хушу муомилаи хуб аз ҳар гуна табобат болост. Пас ҳар яки моро зарур меояд, ки ҳамчун табибони оянда ин касби пуршарафро бо тамоми нозуки аз худ намуда, баҳри сазовор будан ба номи табибӣ бояд малакаҳои хуби муошират ва миёни ҷомеа намуна бошем. Ӯ роҷеъ ба муносибати табиб бо беморон чунин андешарони намуданд, ки “ҳар табиб вазифадор аст ки пеш аз шурӯи табобат худро ба ҳолати бемор мутобиқ гардонад. Табиб дар баробари табиб будан бояд равоншинос низ бошад” Одоб рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа мебошанд. Хушмуомилагӣ ва ахлоқи хуб- яке аз хусусиятҳои муҳим вобаста ба тарбияи инсон аст. Чунин ҳам ҳаст, ки муоширати хуб аз ҳусну ҷамол боло меистад ва зебоиву ҳусну ҷамоли инсон аз ахлоқ ва одоби муошират вобаста аст. Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Шумо бояд доимо дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед.

Донишҷӯи курси 2 гуруҳи 4-ум Абдусамирова Мижгона бо маърузаи худ таҳти мавзӯи “ Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин” баромад намуда дар бораи чи тавр муносибат намудан бо беморон ба донишҷӯён чунин маълумот доданд.

Ахлоқу одоби табибӣ ин қоида ва меъёрҳои рафтор натанҳо байни табибон, инчунин миёни кормандони тиб ва беморон мебошад. Риоя ва иҷрои ин қоидаҳо нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеъа таъсири нек мегузорад.

Дар фарҷоми чорабини омӯзгори ҷавони кафедра куратори гуруҳи 3-ум Мамадаминов О.Н. баромад намуда қайд кардан, ки вазифаи ҳар як табиб нигоҳ доштани тандурустӣ, сиҳат кардани бемор ва баргардонидани саломатии аввала мебошад. Барои аз ӯҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд аввалан дониши худро ҳамвора мукаммал созад, ва дар амал ҷорӣ намояд. Вале обрӯву эътибори табиб мегуяд Ибни Сино, на фақат ба донишу маҳорат балки ба ахлоқу одоби ӯ вобастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.
04.12.2020     746

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php