Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд

Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки арзишмандтаринашон Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил маҳсуб меёбад.
Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милли хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.
Маҳз бо ин мақсад санаи 11.12.2020 сол бо донишҷӯёни курси 2, гуруҳҳои куратории 1, 2-и факултаи тиббӣ-профилактикӣ дар кафедраи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб гузаронида шуд. Дар семинар иштирок намуданд: Мудири кафедра Ҷураева Н.С., саркуратори кафедра Шарифзода Ф.Ҷ., Омӯзгорон: Комилов И.Ш., Комилова Г.И., Маҳмудова Д.Ш., Нуриддинова Н.Н., Исроилова З.С., Кураторон: Саидова С.Н., Юсуфзода П.А.,Мамадаминов О.Н.

Вохӯриро муаллими калони кафедра Комилов И.Ш., кушода эълон намуда, сараввал донишчӯёнро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод.275; соли 2005, №3, мод. 116; соли 2007, №5, мод.355; соли 2008, №10, мод. 802) Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Фасли 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мақсади қонуни мазкур

Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм

тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста бар зидди терроризм;

ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ. Бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм шинос намуд.

Дар асри 18 калимаи «террор» аз ҷониби олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуда истилоҳи калимаи «teror» - ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуда, қайд намуданд, ки даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпарронӣ дидан мумкин аст. Дар забони русӣ бошад, калимаи «террор» ва «терроризм» каме дертар, аввали асри 19 аз забони фаронсавӣ ворид гардидааст.

Терроризм ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шуда, пеш аз ҳама, ба амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили тамоми муассисаҳо, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, хатар дорад. Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шудааст. 

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстримизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст, ки ба маҳалгароӣ, бегонапарастӣ роҳ надиҳем.

Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи  пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзӯи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дарвоқеъ, сӯйистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.

Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо  масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.            Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. 

Инчунин донишҷӯи курси 2 гуруҳи 2-ум Мавлуданисои Илҳомзода бо маърузаи худ таҳти мавзӯи “Терроризм-хатари глобалӣ” баромад намуда ба иштироккунандагони семинар рӯҳу илҳоми тоза бахшида донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар бораи Экстремизму терроризм: сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии онҳо  баён намуда қайд карданд, ки ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа аз як гиребон сар бароварда барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб якҷоя амал намуда муборизаи беамон барем.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактабу донишгоҳҳои олӣ, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зиракии сиёсиро аз дода зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

24.12.2020     377

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php