Омӯзгорони донишгоҳ дар байни хонандагону омӯзгорони мактабҳои ш. Душанбе доир ба пешгирии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд

Омӯзгорони донишгоҳ дар байни хонандагону омӯзгорони мактабҳои ш. Душанбе доир ба пешгирии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида истодаанд
Омӯзгорону донишҷӯён ва волонтёрони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи супориши ректори донишгоҳ дар байни хонандагону омӯзгорони мактабҳои ш. Душанбе пайваста доир ба пешгирии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Суҳбатҳои фаҳмондадиҳии навбатӣ санаи 16-уми апрели соли 2020 аз ҷониби омӯзгори кафедраи кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи донишгоҳ Содиқова М.М. ва донишҷӯён-волонтёрони донишгоҳ дар байни хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №52-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони кафедраи мазкур Тирандозова Ҷ.И., Сулаймонзода Ф.С. бо донишҷӯён-волонтёрони донишгоҳ дар байни хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзуи «Таърихи пайдоиш, вазъи коронавирус дар ҷаҳон, аломатҳо, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии вируси COVID-19» бо пешниҳоди презентасияҳо гузаронида шуданд. Дар мулоқотҳо бахусус оид ба қайд гирифта нашудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон, андешида шудани тамоми тадбирҳои судманди пешгирии коронавирус аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бовар накардан ба маълумотҳои бардуруғ, ба таҳлуқа роҳ надодан, риояи талаботҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ маълумоти муфассал дода шуд. Дар охири мулоқотҳо ба саволҳои хонандагону омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Боиси зикр аст,ки роҳбарият ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва омӯзгорону волонтёрони ихтиёрии донишгоҳ баён намуда қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе баҳри маълумоти бештар додан нисбати коронавирус ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ мусоидат намуда, нигаронӣ ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба коронавирус паст менамояд.
Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология д.и.т., профессор Сатторов С.С.
17.04.2020     473

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php