Дастовардҳои кафедра (мукофотҳои кормандон)


Ба ин васила Олимони кафедра мушаххасан ҷавонон дар байни ихтироъкорони Ҷумҳурӣ ва дунё мавқеи муайян пайдо намуданд ва шукӯҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд ва имрузҳо парчами илму маърифати тоҷику тоҷикистониёнро баландтару баландтар мебардоранд. Ҳамин аст, ки барои беҳтарин ихтироот дар соҳаи синтези мураккаботи координатсионӣ ва истифодаи он дар тиб дар Ҷашнвораи байналмилалии бонувони ихтироъкор – намоиши 11 – уми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея 29 июни соли 2018 баргузор гашт ассистенти кафедра Мижгони Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи кимиё ва дорусозӣ «Метрарги дорои фаъолияти зиддимикробӣ» ба гирифтани ҷои аввал ва медали тилло мушарраф гашт, ки ин боиси ифтихори Тоҷикистон ва мушаххасан ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва ҳар як ҷавон ва фарди шарафманд, соҳибмаърифат ва соҳибилми тоҷик ба шумор меравад. 13 октябри соли 2018 ассистенти кафедра Мижгони Шуҳратзода ва аспирант Рауф Султонов дар озмун фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти унвони “Ҷавонон созандагони Ватан” иштирок варзида дар бахши “Довталабони - ихтироъкор” ҷойи сазоворро ишғол карданд ва бо дипломи ғолиби озмун қадршиносӣ гаштанд. 27 декабри соли 2018 дар асоси қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мижгон Шуҳратзода бо ҷоизаи “Олими ҷавони сол”сарфароз гардонида шуд. Дар озмуни омӯзгори беҳтарин дар донишгоҳ Мижгони Шӯхратзода иштирок намуда “Омӯзгори бехтарини сол дар соли 2018” дониста шуд.
Дастовардхои илмии кафедра дар боби ихтироъкорӣ дар солҳои 2018 2019 тавассути расонаҳои хабарии радио ва телевизиони Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
26 апрели соли 2019 бахшида ба Рузи байналмилалии моликияти зеҳнӣ кормандони донишгоҳ, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович дар асоси қарори комиссияи Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ва Фармони и.в.Директори МД ММПИ аз 12 апрели соли 2019 № 12-ФА бо Мукофоти олӣ Шаҳодатнома ва Нишони фахрии Муассисаи давлатии Маркази Миллии Патенту Иттилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон № А - 042-сарфароз гардонида шуд.
26.06.19-28.06.19 дар шаҳри Сеули давлати Корея Намоиши ихтироот ва форуми занҳои ихтироъкори дунё шуда гузашт. Дар кори форум аз кафедраи кимиёи фарматсевти ва заҳршиносӣ Раҳимова Р.Н. дар мавзӯи «Малбсинкат ҳамчун маводи зиддитуфайли» иштирок намуда ба гирифтани медали нуқра мушарраф гашт.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ” миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин озмун дар бахши беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ барои ишғоли ҷойи 1-ум аспиранти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгон Шуҳратзода, барои ишғоли ҷойи 2-юм аспиранти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Султонов Рауфҷон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Танҳо дар соли 2019 теъдоди маводи чопӣ 31 ададро ташкил мекунад аз ин: 19 фишурда 7 мақолаҳои илмӣ 5 мақола дар журналҳои КОА ҶТ ва ФР ва 3 патент ихтироӣ аз ин 2 ихтироъ ба шумор мераванд. Олимони кафедра шӯҳрати илми тоҷикро на танҳо бо мақолаву патентҳо, балки бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ дар конфронсу симпозиумҳои байналмиллалӣ баланд бардошта, қадру манзалати илми муосири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. 19 09 2019 соати 14 15 - 14 50 Мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.х., профессор Раҷабов У.Р. дар мавзӯи Об барои рушди устувор дар Радиои Тоҷикистон барномаи «Чакомаи сухан» баромад карданд.
Алҳол 7 мақола дар конференсияи ноябрии соли 2019 МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, 7 мақола дар конференсияи ДМТ, як мақола дар конференсияи хониши Нумонови ИХ АИ ҶТ ба номи Никитин қарор дорад. Инчунин дар асоси қарори раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 6 мақола ва гузориш оид ба мавзӯъҳои Дар бораи забони давлатӣ, Роғун ифтихори миллӣ, Терроризм, Ҳунарҳои мардумӣ, Роғун ояндаи нурбори кишвар, Об барои рушди устувор ба Сомонаи Донишгоҳ дар соли 2019 супорида шуд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php