Таърихи кафедра


Соли 1977 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино такроран факултети стоматологӣ кушода шуд.
Дар донишгоҳ таълими курси махсуси ҷарроҳии ғоғу рӯй с 1942 дар назди кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ ( мудир- проф. А.Е.Мангуйм) ба роҳ монда шуда буд. Кафедра дар заминаи эвагоспитал, ки дар бинои ҳозираи Вазорати молияи ҶТ ҷойгир буд. Курси ҷарроҳи ҷоғу рӯйро профессор С.Н.Вайсблат таълим медод.
Соли 1964 шӯъбаи махсусгардонидаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй барои 45 кат ташкил карда шуд, вале бинобар набудани мутахассисони баландихтисос дер фаъолият накард. Соли 1969 дар заминаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ аз дигар шӯъбаи махсусгардонидаи стоматологӣ таъсис ёфт.Шӯъба аввал дар Беморхонаи клиникии шаҳри №3 ва баъд дар Беморхонаи ҷумҳуриявии №1 ҷойгир буд. Вазифаи мудири шӯъбаро н.и.т. дотсент Кодиров К.С. ба ӯҳда дошт.
Соли 1970 дар заминаи шӯъбаи мазкур дар назди кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ курси ҷарроҳии стоматологӣ барои донишҷӯёни факультетҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ ташкил када шуд. Соли 1975 дар донишгоҳ кафедраи ҷарроҳии стоматологӣ таъсис дода шуд. Кафедра дар рушду инкишофи соҳаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар ҷумҳури нақши калон бозид. Дар пешрафти ҷарроҳии ҷоғу рӯй Г.П.Ковтунович, И.Н.Кутчак, Л.П.Александрович, А.И.Пачес, А.Т.Пӯлодов ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Асосгузор ва роҳбари аввали кафедраи ҷарроҳии томатологӣ доктори илмҳои тиб, профессор Муҳсинов М.Э. буданд. Дар тахти рохбарии ин кас 7 нафар рисолаи номзади дифоъ намуданд. Кормандони кафедра Кодиров К.С., Субхонов С.С.,Тоиров У.Т.,Сапаргелдиев Н.Б., Почоҷонова Л.Н., Боев Ю.Т., Бозоров Н.И.,Охунов А.М., Юлдошева М.А., Акбаров М.М. Аз сабаби аз сабаби чои зисти доими ба дигар республика соли 1996-97 и.в.мудири кафедра н.и.т.,досент Кодиров К.С. таъин карда шуд. Соли 1996 бинобар кам карда шудани қабули донишҷӯён ва истифодаи босамари неруи илмию омӯзгорӣ кафедраҳои стоматологияи ҷарроҳи ва стоматологияи кӯдакон муттаҳид карда, кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакон таъсис дода шуд. Вам охи январи соли 1998 номгӯи кафедра «Ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакон» гузошта шуд, ки и.в.мудири кафедра н.и.т.,досент Субхонов С.С. таъин карда шуд. Моҳи феврали соли 1999 аз рӯи конкурс мудири кафедра н.и.т., досент Субхонов С.С. таъин карда шуд то соли 2016с.Дар ташкил намудани Маркази чумхуриявии табобати нуксонхои модарзоди ва гайри модарзодии чогу руи кудакон ва наврасон, ки минбаъд ба шуъбаи чаррохи чогу руйи кудакон ва наврасони Беморхонаи клиники чумхуриявии №3 (холо МД маркази милии тиббии ЧТ шахраки Шифобахш ) табдил дода шуд, сахми арзанда гузоштааст.Бо ташаббуси Субхонов С.С. хамчун дар беморхонаи мазкур Маркази чаррохии чогу руи калонсолон таъсис ёфт. Муаллифи зиёда аз 90 таълифоти илми, 6 тавсияи методи. 22 пешниходхо, тахти рохбарии у 3 нафар рисолаи номзади дифоъ намудааст. Аз соли 2016 ба вазифаи мудири кафедра н.и.т. Ҷонибекова Р.Н. таъин карда шуд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php