Фарзанди нағз – боғи падар

Фарзанди нағз – боғи падар

Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳи 2-юми тиббӣ-профлактикӣ, ки таҳти сарпарастии Сафаров Суҳроб Кукиевич қарор дорад, дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Фарзанди нағз-боғи падар” баргузор гардид. Дар дарс мудири кафедра профессор Шерматов Д. С., ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

Омӯзгор Сафаров С. К. ба дарси тарбиявӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи одобу ахлоқи фарзандон, вазифаи онҳо дар назди волидайн, инчунин дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи фарзанд сухан ронда, навбати суханро ба донишҷӯён дод. Донишҷӯён, Кабирова Мадина, Баёнзода М., Мирзоева Боғигул, Гулбии Абудулазиз ва Одинаева Малика дар баромади худ дар бораи хислатҳои ҳамидаи фарзанд сухан ронда, аз панду насиҳатҳои бузургон иқтибосҳо оварданд.

Дар охир мудири кафедра профессор Шерматов Д.С. ба донишҷӯён дар бораи эҳтироми фарзанд нисбат ба волидайн ва вазифаи волидон дар назди фарзандон сӯҳбат карда, оид ба роҳҳои расидан ба мувафақиятҳо дар ин ҷода маслиҳатҳои муфид дод. 

Мудири кафедра, профессор        Шерматов Д.С.

Мутасадӣ, саркуратор                    Муратова Ч.Ҷ.

22.10.2020     432

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php