“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар бинои асосии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҷамъомади илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири кафедра Урунова М.В., устодони кафедра Музафарова М.Ҳ., Насруллоева М.Ҳ., Хилолова М.Ҳ., Расулова Ф.О., Хусейнова Ё.Ф., Ахмедова Н.Т. ва донишҷӯёни гуруҳҳои 45, 46-уми курси 3-юми факултети тиббӣ, гуруҳҳои 1-ум ва 2-юми курси 3-юми факултети педиатрӣ ва гуруҳҳои 3-юм ва 4-уми курси 3-юми факултети стоматологӣ баргузор гардид.

       Дар ҷаласаи кафедра бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедра Урунова М.В. баромад намуда, муҳиммияти Паёмро қайд кард: “Тавре ки медонем, Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар, дар соли воқеан, барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гашт. Дар Паём бинобар паҳн шудани бемории сироятии коронавирус босуръат паст рафтани рушди иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ қайд карда шуд. Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда дар соли 2021 таъмин карда шаванд. Соли 2020-ум бо руйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид. Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил намудем.

        Зикр кардан зарур аст, ки Президенти мамлакатамон миннатдории худро ба кормандони соҳаи тибб баён намуда, қайд карданд, ки табибон дар мубориза бо коронавирус саҳми муҳимми худро гузоштанд.”

          Сипас устодон Хусейнова Ё.Ф. ва Расулова Ф.О. қисматҳои Паёмро бо навбат хондаву баррасӣ намуданд. Ҷиҳати қисматҳое, ки ба маориф, тандурустӣ ва ҷавонон марбут буданд, диққати махсус равона карда шуд.

   

Кафедраи фармакология

02.02.2021     356

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php