Мизи мудаввар оиди пандемияи коронавирус

Санаи 2.01.2021с.   дар кафедраи фармакологияи   ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба мавзӯи «Пандемия ҳамчун проблемаи муосири умумиҷахонӣ. Коронавирус – вабои асри ХХI» бо иштироки декани факултети фармасевтӣ- Юлдошева У.П. ,мудири кафедраи фармакология н.и.т.,дотсент Урунова М.В, устодони кафедраи фармакология: Музафарова М.Ҳ, Ходжаева Ф.М, Шаропов С.К, Расулова Ф.О ва Нуриддинова С ва донишҷӯёни хориҷии бакалавр гуруҳҳои 9 ва 16-ум мизи мудаввар гузаронида шуд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ассистенти кафедра др.phd Шаропов С.К баромад карда, доир ба роҳҳои гузариши беморӣ, пешгирӣ, табобат ва хатари ин беморӣ қайдҳои муҳим карданд. Донишҷӯёни гуруҳҳои 9 ва 16 Janne Thomas, Kartika Sajikumar ва Ravindra Kumar оиди мавзуъ бо намоиши презентатсия баромад намуданд. Дар маърӯзаи худ донишҷӯён ҳолати пандемия ва шумораи беморони бо коронавирус дучоршудагонро дар давлатҳои хориҷӣ қайд карданд. Боз дар бораи коркарди ваксинаи зидди коронавирус маълумот пешниҳод карданд.

Дар охир устодон як бори дигар оиди риояи гигиенаи шахсӣ ёдрас намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа байни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоби пурмуҳтаво доир гардид.

06.01.2021     455

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php