5-ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОН

5-ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОН
Дар санаи 05.10.2019с дар кафедраи эндокринологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида ба «Рўзи Забон» баромадҳо гузаронида шуд. Дар ин баромадҳо мудири кафедра н.и.т Ниёзова Наргис Фазлихудоевна ва донишҷӯёни курси 4-уми гуруҳҳои 54 – 60 оид ба мақоми забон дар ҷомеа ва ҷаҳон маърӯзаҳо тайёр карданд. Донишҷӯи курси 4 – и гурӯҳи 58 Муҳамадиев Муҳаммад Искандарович дар мавзӯи “Забонҳои ҷаҳон” бо воситаи слайд презентатсия баромад кард.
Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонхои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.
Дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати руссикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ -КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамаи гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде, баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин «фишори» оммавӣ роҳбарияти коммунистии ҷумҳурӣ мачбур шуд, ки оиди ин масъала чораҳо андешад.
22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст.
Мудири кафедраи эндокринология, н.и.т Ниязова Н.Ф.
5-ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОН
5-ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОН
5-ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОН
07.10.2019     2227

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php