Таърихи кафедра


Омӯзиши сикли эндокринология барои донишҷӯёни курси 6-уми Донишгоҳи тиббӣ аз соли 1965-ум ташкил карда шуд, ки онро дотсенти кафедра Д.М. Ахмедов роҳбарӣ мекард. Д.М.Ахмедов соли 1959 дар мавзӯи «Ҳолати функсионалии гурдаҳо ӽангоми бемории Итсенко-Кушинга» диссертатсияи номзадиро ҳимоя кардааст. Вазифаҳои омӯзиши эндокринологияи клиникӣ азхудкунии патогенези бемориҳои эндокринӣ буда, ҳамчунин, ташхиси саривақтӣ дар давраҳои аввали беморӣ, методикаи диспансеризатсиякунонии беморон ва табобати бемориҳо мебошад.
Д.М.Ахмедов ба ташкил намудани курси ординатураи клиникӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи эндокринология асос гузошт.
Бо ташаббуси мудири сикли эндокринология дотсент Д.М.Ахмедов, ки ҳамзамон сармутахассиси ғайривоҳидии назди Вазорати Тандурустии РСС Тоҷикистон ва аъзои ҷамъияти умумиттифоқии эндокринологҳои Иттифоқи Советӣ ба шумор мерафт, дар ш.Душанбе ва Ленинобод ҳуҷраҳои эндокринӣ ва ҳамчунин диспансерҳои зиддиҷоғар дар вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб ташкил шуд. Аз тарафи кормандони кафедра мактуби методӣ барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ «Клиника ва табобати бемориҳои эндокринӣ» чоп карда шуд.
Соли 1975 сикли эндокринология ба курси эндокринология аз нав ташкил карда шуд ва роҳбарии онро дотсент Қосимова З.С., ки диссертатсияи номзадиро соли 1953 дар мавзӯи «Ҷоғари эндемикӣ дар Урали Миёна» ҳимоя кардааст, ба уҳда дошт. Соли 1983 дар заминаи курси мазкур - кафедраи эндокринология бо роҳбарии Қосимова З.С. ташкил шуд. Қосимова З.С. ҳамзамон вазифаҳои сармутахассиси эндокринологи назди Вазорати Тандурустии РСС Тоҷикистон ва раиси Ҷамъияти эндокринологҳои умумиттифоқиро ба уҳда дошт.
Яке аз кормандони аввалини кафедра проф. Анварова Ш.С. ба шумор меравад. Таҳти роҳбарии у 11 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ дифоъ шудааст. Профессор Анварова Ш.С. солҳои 1967-69 курси ординатураи клиникиро дар сикли эндокринологияи назди кафедраи терапияи госпиталӣ ба итмом расонида, солҳои 1969-1972 барои гузаштани аспирантура ба ш.Ленинград дар шуъбаи эндокринологияи Академияи Илмҳои ИӋШС дар назди Институти акушерию гинекологии ба номи Отто равон карда Анварова Ш.С. соли 1973 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Табобати муқоисавии таъсири меркозолил, перхлорати калий ва истифодаи омехтаи ин доруҳо дар ҷоғари заҳрогении нуфуздор» бомуввафақият ҳимоя намуд. Соли 1993 дар Маркази илмии эндокринологияи Русия диссертатсияи докториро дар мавзӯи «Паҳншавӣ ва хусусиятҳои клиникию биохимиявии диабети қанд, миёни аҳолӣ дар мавқеъҳои гуногуни иқлимию ҷуғрофии Тоҷикистон сукунатдошта» ҳимоя карда шуд. Профессор Анварова Ш.С. раиси Ҷамъияти илмӣ-тиббии эндокринолог-диабетологҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд. Солҳои 1986 - 2015 роҳбари кафедраи эндокринология таҳти назорати Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси ғайривоҳидӣ оид ба эндокринология ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.т., профессор Анварова Ш.С. буд.
Дар гузашта корманди кафедра Қосимова С.Ҷ., ки соли 1982 дар ш. Москва диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Усулҳои ташхиси нефропатияи диабетӣ ва таъсири табобати комплексӣ ба давраҳои гузариши он» ҳимоя кардааст бо дотсент Ёқубова З.Х., ки бо роҳбарии мудири кафедра профессор Анварова Ш.С. диссертатсияи доктории худро соли 1999 дар мавзуи «Диабети қанд миёни кӯдакон дар Тоҷикистон» ҳимоя кардааст, фаъолият доштанд. Инчунин дар кафедра аз солҳои 1997 то 2016 асс. Бобоев У.Қ., дар солҳои 2005-2012 асс. Умарова Н.С., асс. Ғаниева Ф.Ю. –солҳои 2015-2017, Носирова М.Қ. – солҳои 2016-2018 фаъолият кардаанд.
Айни ҳол дар кафедра кормандони фаъолият зерин доранд: дотсент Ҷураева С.Д. дар кафедра аз соли 1982 кор мекунад ва мутасаддии корҳои муолиҷавӣ мебошад. Ӯ диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Таъсири баъзе омилҳои гигиенӣ-иҷтимои ба пайдошавӣ ва паҳншавии беморони диабети қанд дар ш.Душанбе» соли 1976 дар ш.Москва ҳимоя намудааст. Дотсент Иноятова Н.А. муттасадии корҳои таълимии кафедра мебошад. Соли 2002 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Ҳолати дилу рагҳо дар бемории гипотиреози вобаста аз норасогии йод дар Тоҷикистон» таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Анварова Ш.С. ҳимоя кардааст. Ассистентҳо Пирматова М.А., Адамханова З.А., ки соли 2018 химоя кардаанд номзади илмиро.Дар кафедра ӽамчунин Исаков А.Ҷ. аз соли 2017 ва асс. Носирова Б.С., Юлдошева М.У. аз соли 2018 дар кафедра фаъолият мекунанд.
Ассистенти кафедраи мазкур Ниёзова Н.Ф. аз сентябри с.2015 ба вазифаи мудири кафедра таъйин шуд. Ӯ кори диссертатсионии худро дар мавзӯи «Ҳолати системаи устухонҳо ва мубодилаи калсию фосфор дар беморони мубталои тиреотоксикоз, вобаста аз шароити норасогии йод» таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Анварова Ш.С. соли 2012 ҳимоя кардааст. Ташкил намудани кафедраи эндокринология ба таълими маҷмӯии донишҷӯёни факултетҳои муолиҷавӣ, педиатрӣ ва умумитиббӣ, субординаторҳо, магистрҳо ва ординаторони клиникӣ мусоидат намуд.
Кафедра барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос тавассути ординатураи клиникӣ ва интернатура фаъолият мекунад. Кормандони кафедра то соли 2005 дар гузаронидани даврҳои таълимии такмили ихтисос барои табибони соҳаи эндокринология, терапевтҳо ва педиатрҳо дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, аз соли 2010 бошад, даври мазкури таълимиро дар ДДТТ мегузаронанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php