Тааассурот аз Паём

Тааассурот аз Паём

Дар кафедраи эндокринология бо иштироки профессори кафедра – Анварова Ш. С., мудири кафедра – Ниязова Н. Ф., дотсенти кафедра – Ҷӯраева С. Д., омӯзгорон – Пирматова М. А., Исаков А. Ҷ., Носырова Б. С., Юлдошева М. У., ординаторони клиникӣ ва интернҳои кафедравӣ ҷамъомад барпо гардид.

Иштирокчиён ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион тамошо ва гӯш намуданд.

26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар муроҷиат карданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ инъикос ёфтаанд.

Пас аз тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар иштирокчиёни ҷамъомад фикру андеша ва таассуроти худро нисбати ҳар як самти Паём иброз намуда, иҷрои саривақтии онҳоро сармашқи кори худ қарор доданд.

    

Кафедраи эндокринология

01.02.2021     349

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php