Наврӯз

Наврӯз

Дар кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба иди оламшумули Наврӯз таҳти раисии мудири кафедраи эндокринология н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна чорабинӣ баргузор гардид, ки мутасаддии он ассистенти кафедраи эндокринология Исаков Акмал Ҷӯрабоевич буд. Дар чорабинии идона интернҳо, ординаторони клиникӣ ва кормандони кафедра иштирок намуданд.

Интернҳо дастурхони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ороста, ба ҳозирин бори дигар расму оини наврӯзиро ёдрас карданд. Оиди таърихи Наврӯз Ординатори клиникии соли 1-ум Қосимова Сарвиноз дар баромади худ аз таърихи пайдоиши Наврӯз сухан ронд. Чорабинӣ бо рақсҳои зебову қироати шеърҳои наврӯзӣ хеле хотирмон гузашт. Дар фарҷом ҳама дастаҷамъона таронаи маъмули “Суманак”-ро бо завқи баланд замзама намуданд.

Мудири кафедраи эндокринология н.и.т. Ниязова Н.Ф.

Ассистенти кафедра Исаков А. Ҷ.

20.03.2021     345

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php