Ифтихор аз Артиши миллӣ

Ифтихор аз Артиши миллӣ

         Дар кафедраи эндокринология бо раисии мудири кафедра н.и.т. Ниязова Н. Ф. бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ чорабинӣ баргузор гашт. Зимни суханронии худ Наргис Фазлихудоевна иброз доштанд, ки аз қадимулайём артиш барои ҳар як давлат басо муҳим буда, боиси таъмини озодиву тинҷӣ, оромию осоиштагии халқ мебошад. Инчунин қайд гардид, ки дар баробари дигар идҳои давлатӣ дар ҶТ ҳамасола бахшида ба ин санади муҳим нақшачорабиниҳо гузаронида мешаванд. Шахсиятҳои дар ин раванд хизматҳои шоён нишондода, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гашта бо мукофотҳо сарфроз гардонида мешаванд. Барои ҳамин мо ӯҳдадорем, ки бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии ҳар як хонадони тоҷик, дар вазифаи худ содиқона хизмат кунем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Иҷозат надиҳем, ки ягон нафар аз дохил ва ё аз берун озодиву тинҷӣ, оромию осоиштагии халқи азизи моро халалдор созад.

        Вобаста ба ин ассистенти кафедра Исаков А. Ҷ. баромад карда, қайд намуд, ки иди Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз муҳимтарин ҷашнҳо ба ҳисоб меравад, зеро тинҷию оромии хонадони ҳар яки мо аз хизмати софдилонаи кормандони ин соҳа вобастагӣ дорад. Инчунин ассистенти мутасаддӣ дар бораи таърихи пайдоиши ин ид чанд сухан гуфта қайд намуд, ки дар соли 1922 санаи 23 – юми феврал «Рӯзи Армияи Сурх» расман эълон карда шуд. Баъдан 23 – юми феврал ҳар сол дар Иттифоқи Советӣ ҳамчун иди умӯмихалқии «Рӯзи Армияи Советӣ» қайд карда мешуд. 23 – юми феврали соли 1993 якумин бор баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар пойтахти ҷумҳурии азизамон паради ҳарбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бинобар ҳамин, рӯзи 23 – феврал дар ҶТ «Рузи таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда шуд.

        Донишҷӯёни курси 5–уми факултаи педиатрӣ, гуруҳи 1 Саидова Марҳабо маърӯзаи худро ба воситаи слайд–презентатсия ба диққати иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод намуд.

          Дар охир мудири шӯъба бо истифода аз фурсати муносиб ҳозиринро табрик намуда, аз хамаи иштирокчиён ва кормандони кафедра аз омодагӣ ба пешвози Иди Қуввахои Мусаллаҳ даъват ба амал овард.

Мудири кафедра н.и.т. Ниязова Н.Ф.

Ассистенти кафедра Исаков А. Ҷ.

25.02.2021     382

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php