Корҳои тарбиявӣ


Дар кафедра аз тарафи ҳар як корманд мунтазам, суҳбатӽо гузаронида мешаван: оиди ҷанбаъҳои деонтологӣ дар эндокринология, раҳму шавқат ва муносибати инсонпарварона бо беморон, риояи дурусти сару либоси донишҷӯён дар базаи клиникӣ. Хамаи донишҷӯён бо Консепсияи тарбия, ки Вазорати маориф ва илми ҶТ тартиб додааст, шинос карда мешаванд. Оиди баромадҳои Президенти ҶТ, оид ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбатҳо гузаронида мешавад. Донишҷӯён дар гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ, рӯзи Конститутсияи ҶТ, Рӯзи байналмилалии диабетикҳо, рӯзи Артиши Миллӣ, рӯзи Модарон, Наврӯз, рӯзи Ғалаба, рӯзи Ҳифзи кӯдакон, рӯзи Байналмилалии ҳифзи омма иштирок доштанд. Ҳамчунин дар рафти дарс бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои Ҳисси ватандӯстиӣ ва Мавқеи ҷавонон дар ҷомеа баррасӣ мегардад. Вобаста ба ҳар як ҷашнҳои зикршуда дар кафедра бо ҳамроҳии донишҷӯён слайд-презентатсияҳо, мақолаҳо, викторинаҳо, тайёр карда мешавад ва маълумот ба Сомонаи донишгоҳ ирсол карда мешавад. Дар хобгоҳи №4 аз тарафи кормандони кафедра навбатдорӣ гузаронида мешавад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php