Фаъолияти омӯзишӣ


Дар кафедраи эндокринология донишҷӯёни курсҳои 4-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ ва курси 6-уми факултети НТҶ сикли эндокринология мегузаранд. Барои донишҷӯёни факултети тиббӣ машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, барои донишҷӯёни факултети педиатрӣ ва НТҶ бошад, ба забони тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо дар кафедра аз рӯи талаботи стандартӣ ва барномаи таълимии тасдиқшуда ҷараён мегирад.
Машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ дар кафедра аз рӯи барномаҳои таълимӣ бо дар назардошти технология ва дастурҳои методии нав бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо истифодаи дастгоҳи мултимедӣ гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани машғулиятҳо нақшаи мавзӯъҳои дарсҳои амалӣ ва лексионӣ, хронометраж барои ҳар як мавзӯъ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён, номгӯи адабиётҳо ва саволномаҳои тестӣ вуҷуд дорад. Матни лексияҳоро омӯзгорон мунтазам аз нав дида мебароянд. Матни лексияҳо дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфуз мебошад.
Машғулиятҳои амалӣ дар дарсхонаҳо бо усулҳои пурсиши шифоӽӣ, тестӣ ва ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ, инчунин бо муоинаи беморон дар бистари онҳо гузаронида мешуд. Утоқҳои корӣ бо компютерҳо (кафедравӣ ва шахсӣ) ҷадвалҳо, расмҳо, китобҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ (чопӣ ва электронӣ) таҷҳизонида шудаанд.
Фаъолияти таълимӣ- методии кафедра
Дар кафедра барномаҳои таълимӣ вуҷуд доранд, аз он ҷумла:
1 барномаи корӣ (барои донишҷӯёни курси 4 факултети тиббӣ бо 3 забон),
1 барномаи намунавӣ ва корӣ (барои донишҷӯёни курси 4 факултети педиатрӣ, русӣ ва тоҷикӣ),
1 силлабус барои донишҷӯёни курси 6 факултети НТҶ (русӣ ва тоҷикӣ).
Аз соли 2014 дар кафедра мавҷудияти барномаи намунавӣ (типӣ) барои донишҷӯёни курси 4 факултети тиббӣ бо 3 забон барои 5 сол тартиб дода шудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php