Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва бақои насли инсон аст

Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва  бақои  насли  инсон  аст

Санаи 5 марти соли 2021 тибқи фармону супоришҳо ва нақшаи кори тарбия дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика чорабинии тарбиявӣ ва фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи модарон» дар мавзӯи « Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва бақои насли инсон аст» бо гуруҳҳои кураторӣ ва устодону кураторони кафедра гузаронида шуд.      

Яке аз рӯзҳои таърихи дар ҳаёти занон ин 8 – март рӯзи байналмилалии олитарин мавҷудоти сайёра Зан – Модар аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомали Раҳмон он дар кишвари мо ҳамчун    санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо «Рӯзи Модар» эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ карор гирифта, макоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар чойгоҳи хосае карор гирифтааст.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маьнавиёту маьрифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Рисолати аслии зани точик сабурии уст. Ҳар чӣ ки дар руйи замин: дорем, хатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайерем барояш фидо созем.

Модарон арзандаи   хамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонхои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳамаи холат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол

Бузургии зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меебад, ки ӯ чароги хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таьрих ва фарҳанги миллӣ мебошад. 

Дар махфили адабӣ – фарҳангӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои кураторӣ аз рӯӣ нақшаи пешаки таҳиягардида баромад карданд:

- Таърихи ҷашнгирии иди 8-март.

- Қироати шеър дар васфи зан-модар.

- Сурудхонӣ дар васфи модар. 

КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА

06.03.2021     455

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php